https://sputnik.tj/20210313/Dodsitonii-kul-jazo-Anvarzoda-margi-Gafuri-1032996579.html
Изҳороти Додситонии кул дар бораи то ҳол ҷазо нагирифтани Анварзода барои садамаи маргбор
Изҳороти Додситонии кул дар бораи то ҳол ҷазо нагирифтани Анварзода барои садамаи маргбор
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи далели то ҳол ба ҷавобгарӣ кашида нашудани Ислом Анварзода, собиқ прокурор ва писари соҳибкори маъруф Анвар Қурбонов... 13.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-13T14:39+0500
2021-03-13T14:39+0500
2021-08-10T16:49+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
овозхон
дар тоҷикистон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031694122_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_c62d061f8fbbe6117f0b1fe8f693135d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Додситонии кул дар изҳороташ таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат 7 августа соли 2020 соати 04:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ленд крузер 200” ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба самти кӯчаи С.Носирии шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, дар хиёбони Рӯдакӣ ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Камаз- 65115” бархӯрдааст. "Дар натиҷа шаҳрванд Баҳроми Ғафурӣ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Анварзода Ислом ва Забиров Баҳодур бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи ҷумҳуриявии Маркази милии тиббии “Шифобахш” бистарӣ карда мешаванд", - омадааст дар иттилоияМанбаъ афзуд, ки аз рӯи ҳолати мазкур 10 августа соли 2020 бо қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи он тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст."Ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст", - таъкид кардааст додситонии кулли Тоҷикистон.Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, субҳи 7 августи соли 2020 дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Бино ба ахбори расмӣ, сари чанбари мошине, ки овозхон низ аз мусофиронаш буд, Ислом Анварзода, он замон муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ нишаста буд.Ба қавли табибон, мавсуф дар пайи ин садама аз дасти рости худ маҳрум шуда, аз ноҳияи пойи росташ ҷароҳати вазнин бардошт ва нахуст дар шифохонаи Қарияи Боло, сипас шифохонаи “Мадади Акбар” ҳудуди як моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.Нафари сеюм Баҳодур Зарипов, яке аз рафиқони Ислом Анварзода, ки дар мошин ҳузур дошт, низ ҷароҳат бардошта, аз шифохона рухсат шудааст. Наздикони Баҳром Ғафурӣ изҳор медоранд, ки алайҳи Анварзода даъвое надоранд.
https://sputnik.tj/20210228/Yubiley-Bahrom-zodruz-tuhfai-dustdoshta-1032905798.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031694122_54:0:941:665_1920x0_80_0_0_c5512d1a98a085dd1e8635eb00dd06a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, овозхон, дар тоҷикистон, даргузашт
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, овозхон, дар тоҷикистон, даргузашт
Изҳороти Додситонии кул дар бораи то ҳол ҷазо нагирифтани Анварзода барои садамаи маргбор
14:39 13.03.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи далели то ҳол ба ҷавобгарӣ кашида нашудани Ислом Анварзода, собиқ прокурор ва писари соҳибкори маъруф Анвар Қурбонов барои садамае, ки боиси марги Баҳром Ғафурӣ овозхони шинохтаи тоҷик шуд, изҳорот нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Додситонии кул дар изҳороташ таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат 7 августа соли 2020 соати 04:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ленд крузер 200” ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба самти кӯчаи С.Носирии шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, дар хиёбони Рӯдакӣ ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Камаз- 65115” бархӯрдааст.
"Дар натиҷа шаҳрванд Баҳроми Ғафурӣ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Анварзода Ислом ва Забиров Баҳодур бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи ҷумҳуриявии Маркази милии тиббии “Шифобахш” бистарӣ карда мешаванд", - омадааст дар иттилоия
Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ҳолати мазкур 10 августа соли 2020 бо қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи он тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст.
"Ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст", - таъкид кардааст додситонии кулли Тоҷикистон.
Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, субҳи 7 августи соли 2020 дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Бино ба ахбори расмӣ, сари чанбари мошине, ки овозхон низ аз мусофиронаш буд, Ислом Анварзода, он замон муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ нишаста буд.
Ба қавли табибон, мавсуф дар пайи ин садама аз дасти рости худ маҳрум шуда, аз ноҳияи пойи росташ ҷароҳати вазнин бардошт ва нахуст дар шифохонаи Қарияи Боло, сипас шифохонаи “Мадади Акбар” ҳудуди як моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.
Нафари сеюм Баҳодур Зарипов, яке аз рафиқони Ислом Анварзода, ки дар мошин ҳузур дошт, низ ҷароҳат бардошта, аз шифохона рухсат шудааст. Наздикони Баҳром Ғафурӣ изҳор медоранд, ки алайҳи Анварзода даъвое надоранд.