"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

© Facebook / Бахром ГафуриМаросими дафни Баҳром Гафурӣ
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Обуна шудан
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.
Соли 2020 ҷони кадом ашхоси машҳури Тоҷикистонро гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2020
Соли мотам: бузургони рафта дар соли 2020
Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:
Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”
Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.
Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2020
Абдурозиқ суруди Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард: видео
Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.
Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.
Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.
Певец Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2020
Ногуфтаҳои марги Баҳром: намехост рафтан, зангҳои паиҳам ва чӣ хел аз мошин парид?-видео
Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.
Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:
Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!
Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!
Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0