https://sputnik.tj/20210312/Pentagon-dar-Alyaska-chi-mekunad-1032992991.html
"Таҳдиди рӯирост ба Русия": Пентагон саросемавор дар Аляска чӣ мекунад
"Таҳдиди рӯирост ба Русия": Пентагон саросемавор дар Аляска чӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ошкор кардани мушакҳо ба масофаи ҳазорҳо километр, дарёфти ҳадафҳои бардурӯғ - ИМА унсури дигари системаи дифоъи зиддимушакиро ба истифода медиҳад. Имсол дар... 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T16:38+0500
2021-03-12T16:38+0500
2021-04-23T16:31+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
аляска
дар русия
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102412/69/1024126975_0:48:3000:1745_1920x0_80_0_0_48d522b9659fc8dcf991b7d724c00ab4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik Николай Протопопов. Вашингтон, мисли пештара, даъво дорад, ки ин барои рафъи ҳамлаи мушакии эҳтимолӣ аз Эрон ё Кореяи Шимолӣ зарур аст. Аммо, коршиносон мутмаинанд: радар барои чизи комилан дигар тарҳрезӣ шудааст.Назорати куллАмрикоиҳо дар соли 2018 дар пойгоҳи ҳавоии Clear Air Force ба сохтани радарҳои дорои биниши дур (Radar Discrimination Radar, LRDR) шурӯъ карданд. Ин иншооти низомӣ аз миёнаҳои асри гузашта амал мекунад ва яке аз муҳимтаринҳо дар низоми дифои зиддимушакии ИМА ба ҳисоб меравад.Қарор буд, истгоҳи радиолокатсионӣ соли 2019 ба истифода дода мешуд, аммо бинобар пандемия, ифтитоҳи он ба таъхир афтод. Ба наздикӣ маълум шуд, ки лоиҳа дар ҳоли анҷомёбист.Ба гуфтаи таҳиягарон, LRDR назар ба радарҳои бисёрфунксионалии AN / SPY - унсури асосии системаи иттилоотӣ ва идоракунии мубориза бо Aegis, ки он ҳам бо крейсерҳо ва эсминетсҳои нерӯи баҳрии ИМА муҷаҳҳаз мебошад, 25 маротиба калонтар аст.Таҷҳизот бо истифода аз нитриди галлий истеҳсол шудааст, ки хусусиятҳои техникиро ба таври назаррас беҳтар менамояд. Радар қодир аст на танҳо мушакҳои баллистикии байниқитъавиро муайян мекунад, балки ҳадафҳои бардурӯғи ҳамроҳии кулоҳакҳои ICBM-ро низ муайян менамояд.Хусусияти дигар он аст, ки радарро ҳатто ҳангоми озмоиши техникӣ хомӯш кардан лозим нест. Расман, LRDR Иёлоти Муттаҳидаи континенталиро аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ва Кореяи Шимолӣ муҳофизат мекунад. Аммо, коршиносон бар онанд, ки объекти асосии радар ҳамчунон мушакҳои Русия хоҳад буд."Вақте ки амрикоиҳо системаи дифоъи зиддимушакиро дар Урупо мустақар карданд, онҳо инчунин итминон доданд, ки он муқобили Эрон гузошта шудааст", - гуфт доктори илмҳои низомӣ Константин Сивков дар мусоҳиба бо РИА Новости. Роҳи парвози мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолӣ аз болои Уқёнуси Ором мегузарад. Барои пайгирии онҳо дар минтақаи Ҳавайӣ радарлозим аст". Ва кӯтоҳтарин масирҳои ICBM-ҳои Русия, ки аз Сибир, Флоти Шимолӣ ва ҳатто аз Уқёнуси Ором, аз киштиҳои зериобии стратегӣ оғоз ёфтаанд, аз болои Аляска мегузаранд, илова мекунад коршинос.Як қадамСивков таъкид кард, гарчанде ки Аляска аллакай ҷузъҳои як системаи ҷаҳонии дифоъи мушакиро дар ихтиёр дорад, радари "дорои биниши дур" қобилияти худро ба таври назаррас густариш медиҳад ва имкони Пентагон барои боздошти сареъи ICBM-ро афзоиш медиҳад."Бале, ин барои мо як лаҳзаи нохуш аст, аммо гуфтан ғайриимкон аст, ки вазъ ба куллӣ тағир хоҳад ёфт, - мегӯяд коршинос". Дар посух ба Русия лозим аст, ки дастгоҳҳои ҷангии электронӣ созад, ки қодир ба фурӯ нишондани ин ва дигар радарҳо бошанд. Фикр мекунам, чунин дастгоҳҳо аллакай мавҷуд аст ва ба зудӣ мустақар хоҳад шуд. Ғайр аз ин, зарур аст, ки дар сурати сар задани амалиёт имкони нобудсозии ин радар пешбинӣ карда шавад".Аляска барои амрикоиҳо минтақаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Асосан аз ин сабаб, ки аз он ҷо то пойгоҳҳои низомии Русия, гулӯгоҳи Беринг ҳамагӣ чанд километр аст. Пентагон на танҳо дар Аляска радарҳо насб мекунад, балки нерӯҳои зарбаи худро низ тақвият медиҳад.Ҳамин тавр, дар ояндаи наздик, бузургтарин дар Иёлоти Муттаҳида ҷангандаҳои насли панҷум F-35 ва F-22 Raptor - тақрибан 150 ҳавопаймо - дар ду пойгоҳи ҳавоӣ мустақар хоҳад шуд. Ҳадаф танг кардани Русия дар Арктика аст.Дар айни замон, ҷолиби диққат аст, ки дар Аляска нерӯҳои заминӣ зиёд нестанд: танҳо ду бригадаи пиёда бо артиллерия ва зиреҳпӯшҳо. Флот ҳам вуҷуд надорад - танҳо посбонони соҳил.Аммо, Пентагон маъракаи ҷалби кормандони низомиро барои хидмат дар Аляска оғоз кардааст. Сарбозон ва афсаронро бо маоши баланд ва шароити хуби маишӣ ҷалб мекунад.Сипари кишварРусия низ радарҳои сатҳи LRDR дорад. Ва на як ё ду. Дар солҳои охир Системаи Огоҳии Ҳамлаи Мушакӣ ба таври назаррас навсозӣ шуда, марзҳоро боэътимод фаро мегирад.Аммо пас аз пошхӯрии ИҶШС, таҳти фишори Вашингтон бисёр истгоҳҳо хароб шуданд, сохтмони радарҳои нав қатъ карда шуд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти шимолу шарқӣ, аз уқёнуси Шимолии Уқёнуси Ором ва қисман Аляска, ки ҳатто дар замони шӯравӣ мушкили ҳалношуда боқӣ монд, вақти зиёде сарф шуд.Моҳи декабри соли 2020 озмоишҳои давлатии системаи нави огоҳии барвақт ба анҷом расиданд. Имрӯз он бомуваффақият маълумотҳоро қабул мекунад ва барои огоҳӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба системаи зиддимушакии Маскав иттилооти зарурӣ медиҳад ва фазои кайҳонро назорат мекунад.Эшелони якуми системаи огоҳии барвақт аз бурҷи моҳвораҳои системаи ягонаи кайҳонӣ, дуюмӣ - системаҳои радарии заминӣ иборат аст. Инҳо, аз ҷумла, стансияҳои навтарини Воронеж мебошанд.Стансияҳои радиолокационӣ амалан дар тамоми қаламрави кишвар ҷойгир карда шудаанд: дар вилоятҳои Ленинград, Калининград, Иркутск, Оренбург, Краснодар, Красноярск ва Олтой. Дар соли 2021 як истгоҳ дар Ҷумҳурии Коми ба итмом мерасад ва як пойгоҳи дигар дар наздикии Мурманск сохта мешавад."Воронеж" - насли охирини радарҳои дефиметрии аз болои уфуқ буда, ки ҳама самтҳои хатарноки зери назоратро нигоҳ медоранд. Стансияҳо ҳадафҳои баллистикӣ, аэродинамикӣ ва кайҳониро дар масофаи то 6000 километр ба таври уфуқӣ ва амудӣ то 8000 километр муайян мекунанд. Як радар қодир аст ҳамзамон то 500 объектро пайгирӣ кунад, траектория, вақт ва ҷои афтиши кулоҳакҳоро ҳисоб кунад.Воронеж дар режими комилан автоматӣ кор мекунад ва мушакҳоро фавран пас аз партоб муайян мекунад. Дар ҳолати ҳамла, иттилоот ба пункти фармондеҳии системаи огоҳии барвақт фиристода мешавад, дар тӯли якчанд дақиқа таҳлил, коркард ва ба роҳбарияти олӣ барои қабули қарор дар бораи ҳамлаи ҷавобӣ интиқол дода мешавад.
https://sputnik.tj/20210220/Pentagon-mekhoad-Rusiya-bozdorad-1032863631.html
https://sputnik.tj/20210203/Pentagon-jang-hastai-Rusiya-1032753020.html
https://sputnik.tj/20210119/rohi-burdi-Rusiyaro-paydo-kardem-Pentagon-1032652375.html
аляска
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102412/69/1024126975_0:0:3000:1884_1920x0_80_0_0_343b426afb9f22bd51f71c54fc1e67c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, аляска, дар русия, има
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, аляска, дар русия, има
"Таҳдиди рӯирост ба Русия": Пентагон саросемавор дар Аляска чӣ мекунад
16:38 12.03.2021 (Навсозишуда: 16:31 23.04.2021) Ошкор кардани мушакҳо ба масофаи ҳазорҳо километр, дарёфти ҳадафҳои бардурӯғ - ИМА унсури дигари системаи дифоъи зиддимушакиро ба истифода медиҳад. Имсол дар Аляска як истгоҳи нави пурқудрат ба кор шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik Николай Протопопов. Вашингтон, мисли пештара, даъво дорад, ки ин барои рафъи ҳамлаи мушакии эҳтимолӣ аз Эрон ё Кореяи Шимолӣ зарур аст. Аммо, коршиносон мутмаинанд: радар барои чизи комилан дигар тарҳрезӣ шудааст.
Амрикоиҳо дар соли 2018 дар пойгоҳи ҳавоии Clear Air Force ба сохтани радарҳои дорои биниши дур (Radar Discrimination Radar, LRDR) шурӯъ карданд. Ин иншооти низомӣ аз миёнаҳои асри гузашта амал мекунад ва яке аз муҳимтаринҳо дар низоми дифои зиддимушакии ИМА ба ҳисоб меравад.
Қарор буд, истгоҳи радиолокатсионӣ соли 2019 ба истифода дода мешуд, аммо бинобар пандемия, ифтитоҳи он ба таъхир афтод. Ба наздикӣ маълум шуд, ки лоиҳа дар ҳоли анҷомёбист.
Ба гуфтаи таҳиягарон, LRDR назар ба радарҳои бисёрфунксионалии AN / SPY - унсури асосии системаи иттилоотӣ ва идоракунии мубориза бо Aegis, ки он ҳам бо крейсерҳо ва эсминетсҳои нерӯи баҳрии ИМА муҷаҳҳаз мебошад, 25 маротиба калонтар аст.
Таҷҳизот бо истифода аз нитриди галлий истеҳсол шудааст, ки хусусиятҳои техникиро ба таври назаррас беҳтар менамояд. Радар қодир аст на танҳо мушакҳои баллистикии байниқитъавиро муайян мекунад, балки ҳадафҳои бардурӯғи ҳамроҳии кулоҳакҳои ICBM-ро низ муайян менамояд.
Хусусияти дигар он аст, ки радарро ҳатто ҳангоми озмоиши техникӣ хомӯш кардан лозим нест.
Расман, LRDR Иёлоти Муттаҳидаи континенталиро аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ва Кореяи Шимолӣ муҳофизат мекунад. Аммо, коршиносон бар онанд, ки объекти асосии радар ҳамчунон мушакҳои Русия хоҳад буд.
"Вақте ки амрикоиҳо системаи дифоъи зиддимушакиро дар Урупо мустақар карданд, онҳо инчунин итминон доданд, ки он муқобили Эрон гузошта шудааст", - гуфт доктори илмҳои низомӣ Константин Сивков дар мусоҳиба бо РИА Новости. Роҳи парвози мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолӣ аз болои Уқёнуси Ором мегузарад. Барои пайгирии онҳо дар минтақаи Ҳавайӣ радарлозим аст".
Ва кӯтоҳтарин масирҳои ICBM-ҳои Русия, ки аз Сибир, Флоти Шимолӣ ва ҳатто аз Уқёнуси Ором, аз киштиҳои зериобии стратегӣ оғоз ёфтаанд, аз болои Аляска мегузаранд, илова мекунад коршинос.
Сивков таъкид кард, гарчанде ки Аляска аллакай ҷузъҳои як системаи ҷаҳонии дифоъи мушакиро дар ихтиёр дорад, радари "дорои биниши дур" қобилияти худро ба таври назаррас густариш медиҳад ва имкони Пентагон барои боздошти сареъи ICBM-ро афзоиш медиҳад.
"Бале, ин барои мо як лаҳзаи нохуш аст, аммо гуфтан ғайриимкон аст, ки вазъ ба куллӣ тағир хоҳад ёфт, - мегӯяд коршинос". Дар посух ба Русия лозим аст, ки дастгоҳҳои ҷангии электронӣ созад, ки қодир ба фурӯ нишондани ин ва дигар радарҳо бошанд. Фикр мекунам, чунин дастгоҳҳо аллакай мавҷуд аст ва ба зудӣ мустақар хоҳад шуд. Ғайр аз ин, зарур аст, ки дар сурати сар задани амалиёт имкони нобудсозии ин радар пешбинӣ карда шавад".
Аляска барои амрикоиҳо минтақаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Асосан аз ин сабаб, ки аз он ҷо то пойгоҳҳои низомии Русия, гулӯгоҳи Беринг ҳамагӣ чанд километр аст. Пентагон на танҳо дар Аляска радарҳо насб мекунад, балки нерӯҳои зарбаи худро низ тақвият медиҳад.
Ҳамин тавр, дар ояндаи наздик, бузургтарин дар Иёлоти Муттаҳида ҷангандаҳои насли панҷум F-35 ва F-22 Raptor - тақрибан 150 ҳавопаймо - дар ду пойгоҳи ҳавоӣ мустақар хоҳад шуд. Ҳадаф танг кардани Русия дар Арктика аст.
Дар айни замон, ҷолиби диққат аст, ки дар Аляска нерӯҳои заминӣ зиёд нестанд: танҳо ду бригадаи пиёда бо артиллерия ва зиреҳпӯшҳо. Флот ҳам вуҷуд надорад - танҳо посбонони соҳил.
Аммо, Пентагон маъракаи ҷалби кормандони низомиро барои хидмат дар Аляска оғоз кардааст. Сарбозон ва афсаронро бо маоши баланд ва шароити хуби маишӣ ҷалб мекунад.
Русия низ радарҳои сатҳи LRDR дорад. Ва на як ё ду. Дар солҳои охир Системаи Огоҳии Ҳамлаи Мушакӣ ба таври назаррас навсозӣ шуда, марзҳоро боэътимод фаро мегирад.
Аммо пас аз пошхӯрии ИҶШС, таҳти фишори Вашингтон бисёр истгоҳҳо хароб шуданд, сохтмони радарҳои нав қатъ карда шуд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти шимолу шарқӣ, аз уқёнуси Шимолии Уқёнуси Ором ва қисман Аляска, ки ҳатто дар замони шӯравӣ мушкили ҳалношуда боқӣ монд, вақти зиёде сарф шуд.
Моҳи декабри соли 2020 озмоишҳои давлатии системаи нави огоҳии барвақт ба анҷом расиданд. Имрӯз он бомуваффақият маълумотҳоро қабул мекунад ва барои огоҳӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба системаи зиддимушакии Маскав иттилооти зарурӣ медиҳад ва фазои кайҳонро назорат мекунад.
Эшелони якуми системаи огоҳии барвақт аз бурҷи моҳвораҳои системаи ягонаи кайҳонӣ, дуюмӣ - системаҳои радарии заминӣ иборат аст. Инҳо, аз ҷумла, стансияҳои навтарини Воронеж мебошанд.
Стансияҳои радиолокационӣ амалан дар тамоми қаламрави кишвар ҷойгир карда шудаанд: дар вилоятҳои Ленинград, Калининград, Иркутск, Оренбург, Краснодар, Красноярск ва Олтой. Дар соли 2021 як истгоҳ дар Ҷумҳурии Коми ба итмом мерасад ва як пойгоҳи дигар дар наздикии Мурманск сохта мешавад.
"Воронеж" - насли охирини радарҳои дефиметрии аз болои уфуқ буда, ки ҳама самтҳои хатарноки зери назоратро нигоҳ медоранд. Стансияҳо ҳадафҳои баллистикӣ, аэродинамикӣ ва кайҳониро дар масофаи то 6000 километр ба таври уфуқӣ ва амудӣ то 8000 километр муайян мекунанд. Як радар қодир аст ҳамзамон то 500 объектро пайгирӣ кунад, траектория, вақт ва ҷои афтиши кулоҳакҳоро ҳисоб кунад.
Воронеж дар режими комилан автоматӣ кор мекунад ва мушакҳоро фавран пас аз партоб муайян мекунад. Дар ҳолати ҳамла, иттилоот ба пункти фармондеҳии системаи огоҳии барвақт фиристода мешавад, дар тӯли якчанд дақиқа таҳлил, коркард ва ба роҳбарияти олӣ барои қабули қарор дар бораи ҳамлаи ҷавобӣ интиқол дода мешавад.