https://sputnik.tj/20210312/Oksana-Pushkina-Manizharo-tanqid-mekunand-mahkum-1032993857.html
Оксана Пушкина сиёсатмадоронеро, ки Манижаро танқид мекунанд, маҳкум кард
Оксана Пушкина сиёсатмадоронеро, ки Манижаро танқид мекунанд, маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ Оксана Пушкина овозхон Манижу Сангинро дастгирь карда, танқидҳо алайҳи ӯро беасос хонд 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T18:00+0500
2021-03-12T18:00+0500
2021-03-12T17:48+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032993060_0:224:2484:1629_1920x0_80_0_0_188247ba932fc93cc3b32b9e2ec89b53.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Вакилии Думаи давлатӣ Оксана Пушкина чунин мешуморад, ки овозхон Манижаро беасос танқид карданд ва интиқоди ӯ барои арзишҳои "зидди Русия" ғайри қобили қабул аст.Вай тавзеҳ дод, ки депутат Александр Шерин ин сурудро "таблиғи муносибатҳои ҳамҷинсгароён" номидааст, Виталий Милонов чунин мешуморад, ки сароянда "ба фарҳанги русӣ рабте надорад ва арзишҳое, ки вай таблиғ мекунад, русӣ нест" ва Владимир Жириновский гуфт, ки "итминон дорам, ки ин барои баланд бардоштани нуфузи як зани рус ва дар маҷмӯъ Русия хуб нест"."Ҳамкасбони мӯҳтарами ман, мутаассифона, мушкилоти воқеиро баррасӣ намекунанд", - гуфт ӯ.Вай маълумотҳои Пажӯҳишгоҳи Иқтисоди Академияи илмҳои Русияро мисол овард, ки тибқи он ба ҳисоби миёна занон дар Русия нисбат ба мардон 27% камтар музд мегиранд."Дар кишвари мо аз се ду ҳиссаи издивоҷҳо вайрон мешаванд, дар 95% ҳолатҳо кӯдакон бо модарашон мемонанд, зиёда аз 1 миллион қарзи алимент дар истеҳсоли Хадамоти федералии судиҷро мебошад ва ҳаҷми умумии қарзҳои падарони рус барои фарзандони онҳо аз 200 миллиард рубл гузашт", - гуфт Оксана Пушкина.Вакили парлумон инчунин хотиррасон кард, ки қонун дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ "ҳанӯз қабул нашудааст".Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео"Ба назарам чунин менамояд, ки дар чунин вазъ ҳамла ва танқид ба сароянда барои арзишҳои "зидди русӣ”, ки месарояд:" Ҳар зани рус бояд бидонад: шумо тавоно ҳастед, ки ҳар деворро бишканед", - хулоса кард ӯ."Озмунҳоро бад мебинам": мусоҳибаи Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант" - видеоЁдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.Овозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210312/Chulpan-Khamatova-Manizha-boistedod-1032990609.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032993060_0:68:2484:1629_1920x0_80_0_0_56c83c85d11f31daf8ed7555547b64a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг
Оксана Пушкина сиёсатмадоронеро, ки Манижаро танқид мекунанд, маҳкум кард
Вакили Думаи давлатӣ Оксана Пушкина овозхон Манижу Сангинро дастгирь карда, танқидҳо алайҳи ӯро беасос хонд
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Вакилии Думаи давлатӣ Оксана Пушкина чунин мешуморад, ки овозхон Манижаро беасос танқид карданд ва интиқоди ӯ барои арзишҳои "зидди Русия" ғайри қобили қабул аст.
"Барои мо одат шудааст, ки занонро танҳо дар рӯзи 8 март табрик кунем. Дигар ҳамагуна суҳбати ошкоро дар бораи ҳуқуқ ва мушкилоти занон шадидан маҳкум карда мешаванд. Ин дафъа таъқиботе, ки мутаассифона, баъзе аз ҳамкорони мо низ ба он ҳамроҳ шуданд, нисбати овозхони Манижа буд", - гуфт вакил дар канали Telegram-и худ.
Вай тавзеҳ дод, ки депутат Александр Шерин ин сурудро "таблиғи муносибатҳои ҳамҷинсгароён" номидааст, Виталий Милонов чунин мешуморад, ки сароянда "ба фарҳанги русӣ рабте надорад ва арзишҳое, ки вай таблиғ мекунад, русӣ нест" ва Владимир Жириновский гуфт, ки "итминон дорам, ки ин барои баланд бардоштани нуфузи як зани рус ва дар маҷмӯъ Русия хуб нест".
"Ҳамкасбони мӯҳтарами ман, мутаассифона, мушкилоти воқеиро баррасӣ намекунанд", - гуфт ӯ.
Вай маълумотҳои Пажӯҳишгоҳи Иқтисоди Академияи илмҳои Русияро мисол овард, ки тибқи он ба ҳисоби миёна занон дар Русия нисбат ба мардон 27% камтар музд мегиранд.
"Дар кишвари мо аз се ду ҳиссаи издивоҷҳо вайрон мешаванд, дар 95% ҳолатҳо кӯдакон бо модарашон мемонанд, зиёда аз 1 миллион қарзи алимент дар истеҳсоли Хадамоти федералии судиҷро мебошад ва ҳаҷми умумии қарзҳои падарони рус барои фарзандони онҳо аз 200 миллиард рубл гузашт", - гуфт Оксана Пушкина.
Вакили парлумон инчунин хотиррасон кард, ки қонун дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ "ҳанӯз қабул нашудааст".
"Ба назарам чунин менамояд, ки дар чунин вазъ ҳамла ва танқид ба сароянда барои арзишҳои "зидди русӣ”, ки месарояд:" Ҳар зани рус бояд бидонад: шумо тавоно ҳастед, ки ҳар деворро бишканед", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.
Овозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.