Чулпан Хаматова Манижаро дастгирӣ кард: духтари ҷасур ва боистеъдод аст

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАктриса Чулпан Хаматова
Актриса Чулпан Хаматова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Ҳунарпешаи халқии Русия Чулпан Хаматова пас аз вокунишҳои баланду пасти ҷомиа, ки рӯзҳои охир бар сари Манижа рехт, ӯро дастгирӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Ҳунарпешаи театр ва синамои Русия, арбоби ҷамъиятӣ ва муассиси бунёди хайрияи "Подари жизнь" (Ҳаёт туҳфа кун) Чулпан Хаматова муносибати худро нисбати Манижа, ки имсол Русияро дар Евровидение намояндагӣ мекунад, иброз дошт.
Чанд рӯз пас аз маълум шудани пирӯзии Манижа дар даври миллии озмуни Евровидение, Чулпан Ҳаматова дар саҳифааш дар инстаграм шарҳ навишт.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Чулпан Хаматова (@chulpanofficial)

Ҳунарпеша акси якҷояи худро бо Манижа нашр карда, ба ӯ хеле меҳрубонона хитоб кардааст - "Манижаи ман!", ва шарҳашро аз он шурӯъ карда, ки сароянда хеле боистеъдод, воқеӣ ва "духтари ҷасур" аст.
"Мо, дӯстони шумо ва шунавандагони сершумори шумо, дар бораи мусиқии шумо аз қадим огоҳ будем! Инчунин дар бораи дили ғамхор, ҷасур ва раҳмгини шумо, ки кӯҳҳоро ба ҳаракат медарорад ва ҷаҳонро дигаргун мекунад, бохабарем", - навиштааст Чулпан дар зери акс.
Хаматова инчунин ҳамагонро табрик гуфта ва изҳори хурсандӣ кардааст, ки Русияро шахсе муаррифӣ хоҳад кард, ки бо фаъолияти фаъолонаи худ бисёр мушкилоти ҷомеаро ҳал мекунад.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Намоҳанги Манижа барои Евровидение - 2021 беш аз миллион бинанда гирифт
"Ман аз кишвари худ фахр мекунам, вақте ки бо шарофати ҳунармандони боистеъдод аз мо огаҳ мешаванд! Ман орзу мекунам, ки ҳамаи мо меҳрубонтар, оқилтар, бодиққаттар бошем ва тавони шунидани дигаронро дошта бошем", - гуфт ҳунарманд дар паёми худ.
Вай инчунин ба Манижа изҳори муҳаббат кард ва барои ҳама чиз ба ӯ ташаккур гуфт.
"Сипос, азизам, барои ҳама корҳое, ки барои мо дар мусиқӣ ва на танҳо, анҷом медиҳед!",  хулоса кард Чулпан Хаматова.
Бояд гуфт, ки Манижа бо ҳунарпеша зиёда аз як сол дӯстӣ дорад. Худи Манижа Сангин аз моҳи декабри соли 2019 сафири бунёди "Подари жизнь" мебошад.
"Озмунҳоро бад мебинам": мусоҳибаи Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант" - видео
Ногуфта намонад, ки аксари ҳунармандон ва ходимони санъати Русия Манижаро фаъолона дастгирӣ мекунанд ва нисбати санъати ӯ фикру мулоҳизаҳои худро нашр менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.
Овозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0