https://sputnik.tj/20210312/Istiqbol-Khudonazarov-Manizha-iftikhor-1032994011.html
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ, коргардони барҷаставу сенариянавис ва Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон Давлат Худоназаров аз роҳёбии тоҷикдухтар Манижа ба озмуни... 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T18:05+0500
2021-03-12T18:05+0500
2021-03-12T18:13+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
фарҳанг
манижа сангин
ҳунарманд
коргардони тоҷик
истиқбол
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102799/53/1027995303_0:0:1300:731_1920x0_80_0_0_45371e9928325a4575080831063dfb30.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Давлат Худоназаров дар суҳбат бо "Комсомолская правда" гуфтааст, ки дар бораи роҳёбии Манижа ба Евровидение як рӯз пас аз ғолибияташ огоҳ шуд ва ҳамчун як тоҷик аз ин зиёд хушҳол аст.Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки одатан, ба чунин озмунҳо шавқ надорад, аммо ҳоло ба Манижа мухлисӣ хоҳад кард.Ба гуфти ӯ ҳама тоҷикон тамошову ҷонибдорӣ мекунанд. Қаблан продюссери шинохта Табриз Шаҳидӣ ва фарзанди оҳангсози машҳур Толиб Шаҳидӣ низ бо истиқбол аз Манижа гуфта буд, ифтихор мекунад, ки Русияро ҳамватанаш намояндагӣ мекунад.Ӯ гуфтааст, Манижа кайҳост сазовори ба сатҳи нав баромадан аст ва мутмаин аст, ки пас аз иштироки Манижа дар Евровидение-2021, новобаста аз он ки вай дар ин озмун чӣ гуна ҷойро ишғол мекунад, ҳаққи пардохти консертҳои ӯ ҳатман афзоиш хоҳад ёфт.Суруди Манижа Russian Woman ба сегонаи маъруфтарин дар Евровидение роҳ ёфтНомбурда гуфтааст, ки баҳо додан ҳатто ба имкониятҳои пешакии ғалабаи эҳтимолии ҳунарманд беҳуда аст ва ин аслан лозим нест.Ёдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорадОвозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210311/musoibai-Manizha-Vecherniy-Urgant-1032987534.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102799/53/1027995303_244:0:1219:731_1920x0_80_0_0_aa8f1d795d71d95920d9219a13ebee53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг, манижа сангин, ҳунарманд, коргардони тоҷик, истиқбол
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг, манижа сангин, ҳунарманд, коргардони тоҷик, истиқбол
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
18:05 12.03.2021 (Навсозишуда: 18:13 12.03.2021) Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ, коргардони барҷаставу сенариянавис ва Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон Давлат Худоназаров аз роҳёбии тоҷикдухтар Манижа ба озмуни Евровидение-2021 истиқболи гарм кардааст
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Давлат Худоназаров дар суҳбат бо
"Комсомолская правда" гуфтааст, ки дар бораи роҳёбии Манижа ба Евровидение як рӯз пас аз ғолибияташ огоҳ шуд ва ҳамчун як тоҷик аз ин зиёд хушҳол аст.
"Ман ҳамчун як тоҷик аз ин ифтихор мекунам. Аммо сурудҳои ӯро нашунидаам. Ҳамчун шаҳрванди Русия ифтихор мекунам, ки ҳамватани ман аз ҷониби русҳо эътироф шудааст",- гуфтааст коргардон.
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки одатан, ба чунин озмунҳо шавқ надорад, аммо ҳоло ба Манижа мухлисӣ хоҳад кард.
Ба гуфти ӯ ҳама тоҷикон тамошову ҷонибдорӣ мекунанд.
Қаблан продюссери шинохта Табриз Шаҳидӣ ва фарзанди оҳангсози машҳур Толиб Шаҳидӣ низ бо истиқбол аз Манижа гуфта буд, ифтихор мекунад, ки Русияро ҳамватанаш намояндагӣ мекунад.
Ӯ гуфтааст, Манижа кайҳост сазовори ба сатҳи нав баромадан аст ва мутмаин аст, ки пас аз иштироки Манижа дар Евровидение-2021, новобаста аз он ки вай дар ин озмун чӣ гуна ҷойро ишғол мекунад, ҳаққи пардохти консертҳои ӯ ҳатман афзоиш хоҳад ёфт.
Номбурда гуфтааст, ки баҳо додан ҳатто ба имкониятҳои пешакии ғалабаи эҳтимолии ҳунарманд беҳуда аст ва ин аслан лозим нест.
Ёдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.
Овозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.