Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Озмунҳоро бад мебинам": мусоҳибаи Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант" - видео

Обуна шудан
Намояндаи Русия дар Евровидении-2021 Манижа Сангин бори аввал пас аз пирӯзӣ дар даври миллӣ ба шабакаи аввали телевизиони Русия мусоҳиба дод
Манижа Сангин сарояндаи тоҷики муқими Русия меҳмони барномаи машҳури шабакаи аввал - "Вечерний Ургант" гардид.
Нахустин хабари хушҳолкунанда, ки сароянда ба Ургант нақл кард, ин буд, ки мардум ҳамакнун талаффузи дурусти исми ӯро омӯхтанд.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Намоҳанги Манижа барои Евровидение - 2021 беш аз миллион бинанда гирифт
Иван Ургант дар давбати худ гуфт, дер боз фикр мекард, ки Манижа бояд дар Евровидение баромад кунад.
Ҳамчунин Манижа дар ин барнома нақл кард, чӣ гуна суруди "Зани рус", ки ҳамакнун ӯ ба Ротердам мебарад, эҷод шуд.
Маълум шуд, ки матни тарона соле қабл зимни сафари ҳунарии сароянда дар Тел-Авив дар давоми як шабонарӯз таълиф шудааст.
Суруди Манижа Russian Woman ба сегонаи маъруфтарин дар Евровидение роҳ ёфт
Зимнан Манижа қайд кард, ки озмунҳоро бад мебинад ва ровии барномаи Иван Ургант кинояомез гуфт, "ин муносибати хубест" барои ширкат дар Евровидение.
Лентаи хабарҳо
0