https://sputnik.tj/20210311/meshikanam-Manizha-hissiyt-Evrovidenie-1032981039.html
Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео
Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин пас аз вокунишҳои шадиде, ки аз ҳар тараф болояш рехт, рӯҳияи худро барои иштирок дар озмуни байналмилалии Евровидение шарҳ дод 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T11:25+0500
2021-03-11T11:25+0500
2021-03-11T12:08+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
фарҳанг
манижа сангин
ҳунарманд
тарона
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102373/94/1023739414_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_1dafd9ed7f9e073c196898c2c07fcf2c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Сароянда Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант"-и Шабакаи аввал гуфт, ки чӣ гуна Русияро дар Евровидение 2021 муаррифӣ мекунад.Бо вуҷуди он ки консерти сароянда як рӯз пеш дар Маскав баргузор шуду хаста ба назар мерасид, аммо ҳанӯз ҳам бо табъи хуш пас аз мавҷи интиқодҳое, ки дар рӯзҳои охир болояш рехт, хеле шӯхӣ кард."Ман хабари хуш дорам. Ниҳоят, аксарияти мардум Манижа гуфтанро омӯхтанд, акнун онҳо "Маниша" намегӯянд. Ин воқеан муҳим аст. Ин мушкилот буд", - қайд кард сароянда.Ӯ ҳамзамон гуфт, суруде, ки ба Евровидение 2021 мебарад, чигуна навишта шудааст. Маълум шуд, ки матн ва мусиқӣ дар тӯли сафари соли гузаштааш ба Тел-Авив дар як шабонарӯз иншо шудааст.Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанадВай инчунин эътироф кард, ки то ба наздикӣ ӯ ба имкони ба озмун расидан бовар надошт ва вақте ба овоздиҳии умумиҷумҳуриявӣ афзоиши рақамҳоро дар тахтаи нишондиҳандаҳо медид, ба чашмони худ бовар намекард."Ман озмунҳоро бад мебинам", - гуфт тоҷикдухтари муқими Русия бо шӯхӣ ва барандаи барнома Иван Ургант бо ишора қайд кард, ки ин "кайфияти хеле хуб" аст.Аммо, сароянда дар бораи кайфияти худ ба таври ҷиддӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар ҳаёти ӯ аллакай озмунҳои мухталиф баргузор шуда буданд ва аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳама чиз барои ӯ бегона нест."Ман танҳо ҳамаро пора мекунам, ҳама чизро дуруст мекунам", - Манижа иштироки худро дар Евровидение-2021 чунин баҳо дод.Ҳамзамон, муштариёни шабакаи Youtube зуд дар зери видео шарҳҳои худро гузоштанд, ки аксари онҳо ба таври мусбат буданд."Манижа духтари бисёр хуб будааст! То ба ҳол, ман ҳатто дар бораи вай нашунидаам",- навиштааст яке аз тамошобинон.Хело боистеъдод: ҷонибдории Филипп Киркоров аз Манижа дар Евровидение-2021Дигарӣ қайд кардааст, ки "суруд ва худи Манижа хело олӣ аст"."Ба Манижа танҳо муваффақият мехоҳам, танҳо ба пеш!", -навиштааст, марди дигар.
https://sputnik.tj/20210310/manizha-tarona-dushanbe-evrovidenie-russia-1032980117.html
https://sputnik.tj/20210310/Yuliya-Savicheva-Manizha-imkon-piruz-Evrovidenie-1032973911.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102373/94/1023739414_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_eaec934fc7c4fb1f2f44f8c0be8d3ba5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг, манижа сангин, ҳунарманд, тарона, озмун
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг, манижа сангин, ҳунарманд, тарона, озмун
Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео
11:25 11.03.2021 (Навсозишуда: 12:08 11.03.2021) Манижа Сангин пас аз вокунишҳои шадиде, ки аз ҳар тараф болояш рехт, рӯҳияи худро барои иштирок дар озмуни байналмилалии Евровидение шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Сароянда Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант"-и Шабакаи аввал гуфт, ки чӣ гуна Русияро дар Евровидение 2021 муаррифӣ мекунад.
Бо вуҷуди он ки консерти сароянда як рӯз пеш дар Маскав баргузор шуду хаста ба назар мерасид, аммо ҳанӯз ҳам бо табъи хуш пас аз мавҷи интиқодҳое, ки дар рӯзҳои охир болояш рехт, хеле шӯхӣ кард.
"Ман хабари хуш дорам. Ниҳоят, аксарияти мардум Манижа гуфтанро омӯхтанд, акнун онҳо "Маниша" намегӯянд. Ин воқеан муҳим аст. Ин мушкилот буд", - қайд кард сароянда.
Ӯ ҳамзамон гуфт, суруде, ки ба Евровидение 2021 мебарад, чигуна навишта шудааст. Маълум шуд, ки матн ва мусиқӣ дар тӯли сафари соли гузаштааш ба Тел-Авив дар як шабонарӯз иншо шудааст.
Вай инчунин эътироф кард, ки то ба наздикӣ ӯ ба имкони ба озмун расидан бовар надошт ва вақте ба овоздиҳии умумиҷумҳуриявӣ афзоиши рақамҳоро дар тахтаи нишондиҳандаҳо медид, ба чашмони худ бовар намекард.
"Ман озмунҳоро бад мебинам", - гуфт тоҷикдухтари муқими Русия бо шӯхӣ ва барандаи барнома Иван Ургант бо ишора қайд кард, ки ин "кайфияти хеле хуб" аст.
Аммо, сароянда дар бораи кайфияти худ ба таври ҷиддӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар ҳаёти ӯ аллакай озмунҳои мухталиф баргузор шуда буданд ва аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳама чиз барои ӯ бегона нест.
"Ман танҳо ҳамаро пора мекунам, ҳама чизро дуруст мекунам", - Манижа иштироки худро дар Евровидение-2021 чунин баҳо дод.
Ҳамзамон, муштариёни шабакаи Youtube зуд дар зери видео шарҳҳои худро гузоштанд, ки аксари онҳо ба таври мусбат буданд.
"Манижа духтари бисёр хуб будааст! То ба ҳол, ман ҳатто дар бораи вай нашунидаам",- навиштааст яке аз тамошобинон.
Дигарӣ қайд кардааст, ки "суруд ва худи Манижа хело олӣ аст".
"Ба Манижа танҳо муваффақият мехоҳам, танҳо ба пеш!", -навиштааст, марди дигар.