https://sputnik.tj/20210310/manizha-tarona-dushanbe-evrovidenie-russia-1032980117.html
"Евровидение - 2022" дар Душанбе мешавад: вокунишҳои тоҷикистониён ба таронаи Манижа
"Евровидение - 2022" дар Душанбе мешавад: вокунишҳои тоҷикистониён ба таронаи Манижа
Sputnik Тоҷикистон
"Даҳшат", "Ин чӣ таронае буд?!", "Қадам аз ӯ беҳтар месарояд", "хокрӯба", "партов" аз камтарин вокунишҳои манфии корбаронри шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба... 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T22:33+0500
2021-03-10T22:33+0500
2021-03-11T14:35+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032979433_0:0:1260:708_1920x0_80_0_0_4d50d9a6b3cd7ad7eceee5ad9a1f1d6f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Исми Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон дар Русия ду рӯзи ахир дар расонаҳои Тоҷикистону Русия мисли калимаи "коронавирус" дар тайи соли 2020 гаштааст: зиёд навишта мешавад ва зиёд хонда мешавад.Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни "Евровидение -2021" намояндагӣ хоҳад кард, ғайричашмдошт ба як чеҳраи ҷанҷолӣ дар расонаҳои Тоҷикистону Русия ва шабакаҳои иҷтимоии ҳарду кишвар табдил ёфт. Албатта, кам нестанд сокинони Тоҷикистон, ки аз ин муваффақияти як ҳамватанашон изҳори шодӣ мекунанд, барояш муваффақият мехоҳанд. Аммо дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоии сигменти тоҷикӣ ба таронае, ки Манижа бар озмун пешниҳод кардааст, вокуниши зидду нақиз кардаанд.Танҳо дар як гурӯҳ, ки таронаи "Russian Woman" (зани рус)-ро нашр кардааст, аз 158 шарҳи навиштаи корбарон ҳудуди 100-тоаш манфӣ аст.Корбарон ба се гурӯҳ тақсим шудаву ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд: бархе изҳори нафрат аз тарона мекунанд, бархе мегӯянд суруд, ки дар жанри ғайримаъмулист шоистаи "Евровидение" аст. Бархеи дигар Манижа ва ҳунарашро аҳсан гуфтаву таронаро беҳтарин унвон мекунанд."Даҳшат", "Беҳтарин", "Ин чӣ таронае буд?!", "Хело ба ман писанд омад", "Қадам аз ӯ беҳтар месарояд", "хокрӯба", "партов" аз камтарин вокунишҳои манфиву мусбии корбаронри шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба таронаи "Russian Woman"-и Манижа Сангин кардаанд.Қадам аз ӯ беҳтар месароядКорбарон бештар иддао карданд, ки тарона ва жанри онро нафаҳмиданд."Наход як чизи беҳтареро интихоб карда натавонистед? Ба ҳар ҳол ба "Евровидение" пешниҳод мешавад", - менависад Дилором Юлдошева."Албатта офаринаш. Аммо ман ӯро намефаҳмам. Барои ман ӯ каме аҷиб ва нофаҳмост", - менависад Ниссо Шарофова.Аммо ин шарҳҳо дида корбароне, ки таронаро написандидаанд, сахттар гуфтаанд."Дурда", - менависад корбаре ва нафари дигар посух медиҳад, ки "Аз дурда ҳам бадтар, чигуна тарона аст, намефаҳмам".Хело боистеъдод: ҷонибдории Филипп Киркоров аз Манижа дар Евровидение-2021"Даҳшат" ва "Партов" - навиштаанд чанд каси дигар."Даҳшат! Аз ин тарона гӯшҳоям гирифт. Суруд намехонаду дод мезанад. Либоспӯшиаш мисли масхарабозҳост", - қайд мекунад Людмила Федотова, ки ин гуфтаҳояшро сенздаҳ нафар писандидаанд."Ҷои 108-уминро барояш таъмин шудааст", - қайд мекунад нафари дигар.Чаро зани ришдор метавонаду Манижа не?!Гурӯҳи дигаре киноя аз он кардаанд, ки дар озмун чеҳраҳои ғайримаъмулӣ, аз қабили Кончита Врут, "зани ришдор" иштирок карда буданд."Чаро зани ришдор арзандаи "Евровидение асту тоҷикдухтари мо не?! Манижа ба пеш", - менависад нафари дигар."Евровидение" солҳост, ки ба як озмуни кӯчагӣ табдил ёфтааст. Шумо фикр мекунед, ки ба он танҳо беҳтаринҳо равон карда мешаванд", - шиква мекунад нафари дигар.Ин дафъа "Евровидение" дар Душанбе баргузор мешавадКорбарони шӯхтабиати шабакаи Фейсбук мавзӯъро ба ҳазл кашидаанд."Шумо, чӣ пешниҳод мекунед, ки ба "Евровидение" бо таронаи "Чакра чакидан гирад, зулфош хамидан гирад" равад?!", - киноя мекунад нафари дигар."Ё мо ақиб мондем, ё аврупоиҳо девона шудаанд, ё ҳарду", - гуфтааст Бузургмеҳр Қаландаров ном корбари Фейсбук."Беҳтараш Олга Бузоваро равон мекарданд", - шухӣ мекунад нафари дигар."Тавба, суруд ҳамин тавр ҳам мешудааст", - менависад Олим Салимов.Барои зодаи Тоҷикистон буданаш дастгирӣ мекунам.Гурӯҳи дигари тоҷикистониён аз Манижа Сангин дифоъ кардаву гуфтаанд, ки новобаста аз он ки тарона писанд ё нописанд аст, бояд сокинони кишвар як ҳамватанашонро дар озмуни байналмилалӣ дастгирӣ кунанд."Тарона ба ман умуман писанд наомад. Аммо ман Манижаро барои он ки зодаи Тоҷикистон аст дастгирӣ мекунам ва барояш муваффақият мехоҳам", - менависад Муҳайё Назарова.Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад"Офаринаш! Бисёр духтари боистеъдод аст. Шумо дар худ тасаввур кунед, аз кишвари бузург маҳз як тоҷикдухтар Русияро муаррифӣ мекунад. Ин аллакай як дастоварди бузург аст! Бале, таронаро на ҳама дарк мекунанд. Шояд беҳтар мешавад, ки онро иваз кунанд? Агар ҳатто Манижа пирӯз нашавад ҳам, дар карйерааш ин шонси бисёр тақдирсоз мешавад", - Азиза Мирзоева, ки ин гуфтаашро 9 нафар писандидаанд."Ман аз ин рафтори одамон ҳайрон мешавам. Чӣ қадар бадбинанд. Духтар худ аз худ ба "Евровидение" намеравад. Танҳо барояш хурсанд шавед ва муваффақият хоҳед. Наход ин кор ин қадар мушкил мебошад", - изҳори нигаронӣ мекунад Бону Раҳимова.Манижа, беҳтарин!!!Новобаста аз ҳама навиштаҳои зидду нақиз кам нестанд нафароне, ки ин таронаро писандидаанд. "Беҳтарин тарона! Як чизи нав! Бори чандуми аст, ки гӯш мекунам", - менависад Муҳайё Сангинова."Қатъӣ! Беҳтарин", - менависад Луиза Алиева ном корбар."Офарин! Ба ман писанд омад", - гуфтааст Алёна Чистая."Қатъӣ! Услубӣ, гуногунтаркиб. Ман барояш муваффақият мехоҳам. Муҳим нест, ки аз номи кадом кишвар меравад. Муҳимаш ӯ шахсияти мусиқист. Маънии таронаҳояшро танҳо кӯтоҳандешон намефаҳманд", - исрор меварзад Комила Махатова.Ин дар ҳолест, ки пештар Ҷонибек Муродов, ҳунарманди тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон ин вокунишҳои зидду нақизи корбаронро шарҳ дода буд.Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунадБа қавли вай, Манижа байни сокинони одии кишвар як чеҳраи нав аст: ӯро намешинхтанд ва таронаашро гӯш накарда буданд."Бале, Манижа равиши худашро дорад, ки он бисёр ҷолиб ҳам ҳаст, аммо ӯро дар Тоҷикистон гӯш намекарданд ва таранаҳояшро шояд нафаҳманд. Вақте ки кас дарки чизеро надорад, ҳар чиз гуфтан мегирад", - қайд кард ӯ.
https://sputnik.tj/20210310/Yuliya-Savicheva-Manizha-imkon-piruz-Evrovidenie-1032973911.html
https://sputnik.tj/20210309/zhirinovskiy-manizha-evrovodenie-tanqid-1032970985.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032979433_0:0:952:714_1920x0_80_0_0_b9ca0d8b74db52b8d65b4447c4d93103.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, дар русия
"Евровидение - 2022" дар Душанбе мешавад: вокунишҳои тоҷикистониён ба таронаи Манижа
22:33 10.03.2021 (Навсозишуда: 14:35 11.03.2021) "Даҳшат", "Ин чӣ таронае буд?!", "Қадам аз ӯ беҳтар месарояд", "хокрӯба", "партов" аз камтарин вокунишҳои манфии корбаронри шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба таронаи "Russian Woman"-и Манижа Сангин кардаанд
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Исми Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон дар Русия ду рӯзи ахир дар расонаҳои Тоҷикистону Русия мисли калимаи "коронавирус" дар тайи соли 2020 гаштааст: зиёд навишта мешавад ва зиёд хонда мешавад.
Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни "Евровидение -2021" намояндагӣ хоҳад кард, ғайричашмдошт ба як чеҳраи ҷанҷолӣ дар расонаҳои Тоҷикистону Русия ва шабакаҳои иҷтимоии ҳарду кишвар табдил ёфт.
Албатта, кам нестанд сокинони Тоҷикистон, ки аз ин муваффақияти як ҳамватанашон изҳори шодӣ мекунанд, барояш муваффақият мехоҳанд. Аммо дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоии сигменти тоҷикӣ ба таронае, ки Манижа бар озмун пешниҳод кардааст, вокуниши зидду нақиз кардаанд.
Танҳо дар як гурӯҳ, ки таронаи "Russian Woman" (зани рус)-ро нашр кардааст, аз 158 шарҳи навиштаи корбарон ҳудуди 100-тоаш манфӣ аст.
Корбарон ба се гурӯҳ тақсим шудаву ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд: бархе изҳори нафрат аз тарона мекунанд, бархе мегӯянд суруд, ки дар жанри ғайримаъмулист шоистаи "Евровидение" аст. Бархеи дигар Манижа ва ҳунарашро аҳсан гуфтаву таронаро беҳтарин унвон мекунанд.
"Даҳшат", "Беҳтарин", "Ин чӣ таронае буд?!", "Хело ба ман писанд омад", "Қадам аз ӯ беҳтар месарояд", "хокрӯба", "партов" аз камтарин вокунишҳои манфиву мусбии корбаронри шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба таронаи "Russian Woman"-и Манижа Сангин кардаанд.
Қадам аз ӯ беҳтар месарояд
Корбарон бештар иддао карданд, ки тарона ва жанри онро нафаҳмиданд.
"Наход як чизи беҳтареро интихоб карда натавонистед? Ба ҳар ҳол ба "Евровидение" пешниҳод мешавад", - менависад Дилором Юлдошева.
"Албатта офаринаш. Аммо ман ӯро намефаҳмам. Барои ман ӯ каме аҷиб ва нофаҳмост", - менависад Ниссо Шарофова.
"Репуртуари Қадами Қурбон аз ин беҳтар аст", - менависад нафари дигар.
Аммо ин шарҳҳо дида корбароне, ки таронаро написандидаанд, сахттар гуфтаанд.
"Дурда", - менависад корбаре ва нафари дигар посух медиҳад, ки "Аз дурда ҳам бадтар, чигуна тарона аст, намефаҳмам".
"Даҳшат" ва "Партов" - навиштаанд чанд каси дигар.
"Даҳшат! Аз ин тарона гӯшҳоям гирифт. Суруд намехонаду дод мезанад. Либоспӯшиаш мисли масхарабозҳост", - қайд мекунад Людмила Федотова, ки ин гуфтаҳояшро сенздаҳ нафар писандидаанд.
"Ҷои 108-уминро барояш таъмин шудааст", - қайд мекунад нафари дигар.
Чаро зани ришдор метавонаду Манижа не?!
Гурӯҳи дигаре киноя аз он кардаанд, ки дар озмун чеҳраҳои ғайримаъмулӣ, аз қабили Кончита Врут, "зани ришдор" иштирок карда буданд.
"Чанд сол пеш ба фикрам як зани ришдор ҷои авалро гирифта буд, пешниҳоди чунин суруд ба ин озмун ягон ҷои нигаронкунанда надорад", - менависад Суруш Комилов.
"Чаро зани ришдор арзандаи "Евровидение асту тоҷикдухтари мо не?! Манижа ба пеш", - менависад нафари дигар.
"Евровидение" солҳост, ки ба як озмуни кӯчагӣ табдил ёфтааст. Шумо фикр мекунед, ки ба он танҳо беҳтаринҳо равон карда мешаванд", - шиква мекунад нафари дигар.
Ин дафъа "Евровидение" дар Душанбе баргузор мешавад
Корбарони шӯхтабиати шабакаи Фейсбук мавзӯъро ба ҳазл кашидаанд.
"Ин дафъа "Евровидение" дар Душанбе баргузор мешавад"- менависад Малика Сафарова.
"Шумо, чӣ пешниҳод мекунед, ки ба "Евровидение" бо таронаи "Чакра чакидан гирад, зулфош хамидан гирад" равад?!", - киноя мекунад нафари дигар.
"Ё мо ақиб мондем, ё аврупоиҳо девона шудаанд, ё ҳарду", - гуфтааст Бузургмеҳр Қаландаров ном корбари Фейсбук.
"Беҳтараш Олга Бузоваро равон мекарданд", - шухӣ мекунад нафари дигар.
"Тавба, суруд ҳамин тавр ҳам мешудааст", - менависад Олим Салимов.
Барои зодаи Тоҷикистон буданаш дастгирӣ мекунам.
Гурӯҳи дигари тоҷикистониён аз Манижа Сангин дифоъ кардаву гуфтаанд, ки новобаста аз он ки тарона писанд ё нописанд аст, бояд сокинони кишвар як ҳамватанашонро дар озмуни байналмилалӣ дастгирӣ кунанд.
"Тарона ба ман умуман писанд наомад. Аммо ман Манижаро барои он ки зодаи Тоҷикистон аст дастгирӣ мекунам ва барояш муваффақият мехоҳам", - менависад Муҳайё Назарова.
"Офаринаш! Бисёр духтари боистеъдод аст. Шумо дар худ тасаввур кунед, аз кишвари бузург маҳз як тоҷикдухтар Русияро муаррифӣ мекунад. Ин аллакай як дастоварди бузург аст! Бале, таронаро на ҳама дарк мекунанд. Шояд беҳтар мешавад, ки онро иваз кунанд? Агар ҳатто Манижа пирӯз нашавад ҳам, дар карйерааш ин шонси бисёр тақдирсоз мешавад", - Азиза Мирзоева, ки ин гуфтаашро 9 нафар писандидаанд.
"Ҳамчун овозхон ба ман писанд нест. Чун шахсият ӯро неамешиносам. Барои ҳамватанам буданаш гӯш кардани таронаҳояшро шарт намеҳисобам, аммо барояш муваффақият мехоҳам", - менависад корбари дигар.
"Ман аз ин рафтори одамон ҳайрон мешавам. Чӣ қадар бадбинанд. Духтар худ аз худ ба "Евровидение" намеравад. Танҳо барояш хурсанд шавед ва муваффақият хоҳед. Наход ин кор ин қадар мушкил мебошад", - изҳори нигаронӣ мекунад Бону Раҳимова.
Новобаста аз ҳама навиштаҳои зидду нақиз кам нестанд нафароне, ки ин таронаро писандидаанд.
"Беҳтарин тарона! Як чизи нав! Бори чандуми аст, ки гӯш мекунам", - менависад Муҳайё Сангинова.
"Қатъӣ! Беҳтарин", - менависад Луиза Алиева ном корбар.
"Офарин! Ба ман писанд омад", - гуфтааст Алёна Чистая.
"Ба ман хело писанд омад. Баданам ваҷаррос зад! Овозро бинед! Офарин. Муваффақият мехоҳам", - навиштааст Олга Бондоренко.
"Қатъӣ! Услубӣ, гуногунтаркиб. Ман барояш муваффақият мехоҳам. Муҳим нест, ки аз номи кадом кишвар меравад. Муҳимаш ӯ шахсияти мусиқист. Маънии таронаҳояшро танҳо кӯтоҳандешон намефаҳманд", - исрор меварзад Комила Махатова.
Ин дар ҳолест, ки пештар Ҷонибек Муродов, ҳунарманди тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон ин вокунишҳои зидду нақизи корбаронро шарҳ дода буд.
Ба қавли вай, Манижа байни сокинони одии кишвар як чеҳраи нав аст: ӯро намешинхтанд ва таронаашро гӯш накарда буданд.
"Бале, Манижа равиши худашро дорад, ки он бисёр ҷолиб ҳам ҳаст, аммо ӯро дар Тоҷикистон гӯш намекарданд ва таранаҳояшро шояд нафаҳманд. Вақте ки кас дарки чизеро надорад, ҳар чиз гуфтан мегирад", - қайд кард ӯ.