https://sputnik.tj/20210311/havosanjon-tojik-past-harorat-peshgui-1032980866.html
Ҳавосанҷони тоҷик якбора паст рафтани ҳароратро пешгӯӣ мекунанд
Ҳавосанҷони тоҷик якбора паст рафтани ҳароратро пешгӯӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавосанҷони тоҷик боришоти шадидро дар шакли борон бо гузаштан ба барфи тар ва якбора паст рафтани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мекунанд 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T10:27+0500
2021-03-11T10:27+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
обу ҳаво
паст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/42/1026374292_0:114:2967:1783_1920x0_80_0_0_881294186cff5b459381f3cf6d8ad80b.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои тобеи марказ (НТҶ), вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст.Дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз 13 то 14 март боришоти шадид дар назар аст.Интизор меравад, ки дар аксари минтақаҳои водиҳо ва доманакӯҳҳою кӯҳҳо рӯзи 14 март борон ба барф табдил ёбанд.Ба истиснои ВМКБ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с мевазад.Зимнан, 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.Рӯзи 14 март, дар аксари минтақаҳои водии доманакӯҳи ҷумҳурӣ бо якбора паст рафтани ҳарорат эҳтимолияти хароб шудан ва қисман нобуд шудани растаниҳои кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда вуҷуд дорад.Аз 11 то 15 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дар ғарби ВМКБ тармафароӣ имконпазир аст.Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар ТоҷикистонДар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари селфароӣ мумкин аст.
https://sputnik.tj/20210311/halokati-se-nafar-tarma-ayni-1032980719.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/42/1026374292_80:0:2809:2047_1920x0_80_0_0_d26fe2e92bb42caa7557497fe5cb0ef0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, обу ҳаво, паст
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, обу ҳаво, паст
Ҳавосанҷони тоҷик якбора паст рафтани ҳароратро пешгӯӣ мекунанд
10:27 11.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳавосанҷони тоҷик боришоти шадидро дар шакли борон бо гузаштан ба барфи тар ва якбора паст рафтани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои тобеи марказ (НТҶ), вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст.
Дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз 13 то 14 март боришоти шадид дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар аксари минтақаҳои водиҳо ва доманакӯҳҳою кӯҳҳо рӯзи 14 март борон ба барф табдил ёбанд.
Ба истиснои ВМКБ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с мевазад.
Зимнан, 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзи 14 март, дар аксари минтақаҳои водии доманакӯҳи ҷумҳурӣ бо якбора паст рафтани ҳарорат эҳтимолияти хароб шудан ва қисман нобуд шудани растаниҳои кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда вуҷуд дорад.
Аз 11 то 15 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дар ғарби ВМКБ тармафароӣ имконпазир аст.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари селфароӣ мумкин аст.