https://sputnik.tj/20210311/Tagirot-CASA-1000-Tojikiston-sodirot-barq-1032985836.html
Тағйирот дар CASA-1000 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки содироти нерӯи барқро афзоиш диҳад
Тағйирот дар CASA-1000 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки содироти нерӯи барқро афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба шарофати тағйирот дар лоиҳаи CASA-1000 метавонад ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Афғонистонро афзоиш диҳад 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T16:18+0500
2021-03-11T16:18+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
энергетика
сохтусози casa-1000
афғонистон
покистон
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_251ec9389f0e896198bf451b013bf496.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CASA-1000 нақша дорад, ки беш аз 75 миллиард кВт / соат нерӯи барқ фурӯшад.Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳа, сохтмони қаблан пешбинишудаи як зеристгоҳи конвертерӣ дар Кобул иҷро намешавад. Пойгоҳ мебоист дар хати барқ аз Сангтӯда то Пешовар (Покистон) пайваст бошад.Ҳамин тариқ, Покистон нерӯи барқи Тоҷикистонро мустақиман мегирад ва ба ҷои 1000 МВт, ки қаблан эълон шуда буд, 1300 МВт нерӯи барқ хоҳад гирифт.Тибқи лоиҳаи CASA-1000, воридоти нерӯи барқ ба мӯҳлати 15 сол ҳисоб карда мешавад. Аллакай созишномаҳои дахлдор бо кишварҳои ҳамсоя имзо карда шудаанд.Дар ин давра, баргардонидани сармоя ва ба даст овардани фоида ба нақша гирифта шудааст. Арзиши барқ, ки дар ин давра дода мешавад, низ муайян карда шуд.Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ мекунад.Кишварҳои ширкаткунандаи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.Раҳмон: CASA 1000 миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ иқдоми саривақтистАрзиши умумии лоиҳа беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад. Хароҷотро Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон байни худ тақсим карданд.
https://sputnik.tj/20200714/Muovini-vazir-koroi-sokhtmoniii-loiai-CASA-1000-to-okhiri-sol-purra-ba-anom-merasad-1031570047.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_73fbd0cb820640d82ebc5c86ff9e0ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, энергетика, сохтусози casa-1000, афғонистон, покистон, барқ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, энергетика, сохтусози casa-1000, афғонистон, покистон, барқ
Тағйирот дар CASA-1000 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки содироти нерӯи барқро афзоиш диҳад
16:18 11.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Тоҷикистон ба шарофати тағйирот дар лоиҳаи CASA-1000 метавонад ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Афғонистонро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CASA-1000 нақша дорад, ки беш аз 75 миллиард кВт / соат нерӯи барқ фурӯшад.
"Тағйироте, ки қаблан дар лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ҷорӣ карда шуд, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Афғонистонро афзоиш диҳад", хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба як манбаъ дар бахши энержии кишвар.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳа, сохтмони қаблан пешбинишудаи як зеристгоҳи конвертерӣ дар Кобул иҷро намешавад. Пойгоҳ мебоист дар хати барқ аз Сангтӯда то Пешовар (Покистон) пайваст бошад.
Ҳамин тариқ, Покистон нерӯи барқи Тоҷикистонро мустақиман мегирад ва ба ҷои 1000 МВт, ки қаблан эълон шуда буд, 1300 МВт нерӯи барқ хоҳад гирифт.
Тибқи лоиҳаи CASA-1000, воридоти нерӯи барқ ба мӯҳлати 15 сол ҳисоб карда мешавад. Аллакай созишномаҳои дахлдор бо кишварҳои ҳамсоя имзо карда шудаанд.
Дар ин давра, баргардонидани сармоя ва ба даст овардани фоида ба нақша гирифта шудааст. Арзиши барқ, ки дар ин давра дода мешавад, низ муайян карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ мекунад.
Кишварҳои ширкаткунандаи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.
Арзиши умумии лоиҳа беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад. Хароҷотро Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон байни худ тақсим карданд.