https://sputnik.tj/20210311/Dushanbe-joizai-Abulqosim-Lohuti-1032985998.html
Дар Душанбе барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе шаш барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд. Ин ҷоиза ба рӯзноманигорони арзанда дода мешавад 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T16:52+0500
2021-03-11T16:52+0500
2021-03-11T17:43+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
душанбе
ҷоиза
абулқосим лоҳутӣ
рӯзи матбуоти тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985961_0:92:1000:657_1920x0_80_0_0_819259b1b4174ff70c8d165273875ddd.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян шуданд.Имсол, шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Бино ба гузориши манбаъ, дар бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри Валӣ аз радиои "Имрӯз", дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони "Тоҷикистон" тақдим гардид.Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз ҳафтаномаи "Омӯзгор", Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи "Мароми пойтахт", Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи "Шаҳриёр"-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст.Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.Абдуҷаббор Раҳмонзода: Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир фаъол гардидҶоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ ва мукофотпулӣ супорида мешавад.
https://sputnik.tj/20200313/Ruzi-matbuoti-tojik-suudi-davlatiho-va-suquti-gayridavlatiho-1030871402.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985961_0:38:1000:667_1920x0_80_0_0_f897936d458867e347d23d606f26a9d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, ҷоиза, абулқосим лоҳутӣ, рӯзи матбуоти тоҷик
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, ҷоиза, абулқосим лоҳутӣ, рӯзи матбуоти тоҷик
Дар Душанбе барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд
16:52 11.03.2021 (Навсозишуда: 17:43 11.03.2021) Дар Душанбе шаш барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд. Ин ҷоиза ба рӯзноманигорони арзанда дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян шуданд.
Имсол, шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Бино ба гузориши манбаъ, дар бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри Валӣ аз радиои "Имрӯз", дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони "Тоҷикистон" тақдим гардид.
Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз ҳафтаномаи "Омӯзгор", Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи "Мароми пойтахт", Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи "Шаҳриёр"-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст.
Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ ва мукофотпулӣ супорида мешавад.