https://sputnik.tj/20210310/Taygiroti-kadri-KDAM-Vazorati-korhoi-dokhil-KHF-1032976519.html
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КҲФ: кӣ рафту кӣ омад?
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КҲФ: кӣ рафту кӣ омад?
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар ниҳодҳои қудратӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои... 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T15:54+0500
2021-03-10T15:54+0500
2021-04-20T16:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
мансаб
кдам
кҳф
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032976443_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b81582eeeb7fff98a6a1cacd9b1373b3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии кишвар, бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид.Дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Латифзода Ҳотамшо Латиф таъин шудааст.Ӯ дар ин мақом Шоҳиён Рустам Мирзохоҷаро мваз намуд.Ҳамзамон Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло ва Исозода Сулаймон Умар дар вазифи муовини нави раҳбари КҲФ Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон ва Маҳмадзода Ҷамшед Бобохонро иваз кардаанд. Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав додБа иттилои манбаъ, сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намудааст, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.Таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Агентии стандартизатсияро ҷо ба ҷо кардДар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.
https://sputnik.tj/20210305/Rahmon-vazorat-energetika-barki-tojik-taqyirot-kadri-1032953907.html
https://sputnik.tj/20210201/Tayiroti-kadri-dar-Kumitai-memori-1032737115.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032976443_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_d1fa73d61b7816af33101fde9faf6d1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, мансаб, кдам, кҳф, вкд
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, мансаб, кдам, кҳф, вкд
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КҲФ: кӣ рафту кӣ омад?
15:54 10.03.2021 (Навсозишуда: 16:39 20.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар ниҳодҳои қудратӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тағйироти кардрӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии кишвар, бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид.
Дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Латифзода Ҳотамшо Латиф таъин шудааст.
Ӯ дар ин мақом Шоҳиён Рустам Мирзохоҷаро мваз намуд.
Ҳамзамон Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло ва Исозода Сулаймон Умар дар вазифи муовини нави раҳбари КҲФ Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон ва Маҳмадзода Ҷамшед Бобохонро иваз кардаанд.
Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намудааст, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.
Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.