https://sputnik.tj/20210310/Muhriddin-hamto-qirizash-marz-hamkori-barrasi-1032974292.html
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири қирғиз марзу ҳамкориҳоро баррасӣ карду ӯро ба Душанбе хонд
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири қирғиз марзу ҳамкориҳоро баррасӣ карду ӯро ба Душанбе хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев зимни як гуфтугӯи телефонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва... 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T10:54+0500
2021-03-10T10:54+0500
2021-03-10T13:05+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_315cd72ada3dad7ee6a61b7f8931dd32.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни сӯҳбат сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карданд.Бо дарназардошти чорабиниҳои дарпешистодаи имсол, ҷонибҳо оид ба ташкили чорабиниҳо дар сатҳҳои олӣ, аз ҷумла дар доираи мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишастҳои СААД ва СҲШ мубодилаи афкор карданд.Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қирғизашро барои иштирок дар Конфронси IX вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”, ки қарор аст 30 марти соли 2021 дар Душанбе доир шавад, ба Тоҷикистон даъват кард.Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳандЗимни суҳбат ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шуд.Вазирон аҳамияти истифодаи пурраи иқтидори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои қаблан ба зимма гирифтаи тарафҳоро таъкид карданд, ки ҳалли фаврии масъалаҳои марзиро таъмин мекунад.Роҳбарони идораҳои корҳои хориҷӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ карданд.Дар ин робита, вазири тоҷик зарурати истифодаи имкониятҳои васеи транзитии ҷонибҳо, аз ҷумла додани мақоми байналмилалиро ба гузаргоҳи Карамиқ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қайд кард.Аҳмадзода: оини ҳамсоядориро нигоҳ медорем, як ваҷаб заминро ноҳақ ба касе намедиҳемБо мақсади боз ҳам густариш ва амиқ кардани муносибатҳои дуҷониба пешниҳод карда шуд, ки масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо, инчунин гузаронидани машваратҳо дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2021 пешниҳод карда шавад.
https://sputnik.tj/20210304/jabborov-safar-tojikiston-1032945579.html
https://sputnik.tj/20210307/bodkand-qirghziston-marz-ahmadzoda-zang-1032960476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d4231890daa7321d6d91831bdf070238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири қирғиз марзу ҳамкориҳоро баррасӣ карду ӯро ба Душанбе хонд
10:54 10.03.2021 (Навсозишуда: 13:05 10.03.2021) Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев зимни як гуфтугӯи телефонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи марзиро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни сӯҳбат сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карданд.
Бо дарназардошти чорабиниҳои дарпешистодаи имсол, ҷонибҳо оид ба ташкили чорабиниҳо дар сатҳҳои олӣ, аз ҷумла дар доираи мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишастҳои СААД ва СҲШ мубодилаи афкор карданд.
Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қирғизашро барои иштирок дар Конфронси IX вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”, ки қарор аст 30 марти соли 2021 дар Душанбе доир шавад, ба Тоҷикистон даъват кард.
Зимни суҳбат ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шуд.
Вазирон аҳамияти истифодаи пурраи иқтидори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои қаблан ба зимма гирифтаи тарафҳоро таъкид карданд, ки ҳалли фаврии масъалаҳои марзиро таъмин мекунад.
Роҳбарони идораҳои корҳои хориҷӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ карданд.
Дар ин робита, вазири тоҷик зарурати истифодаи имкониятҳои васеи транзитии ҷонибҳо, аз ҷумла додани мақоми байналмилалиро ба гузаргоҳи Карамиқ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қайд кард.
Бо мақсади боз ҳам густариш ва амиқ кардани муносибатҳои дуҷониба пешниҳод карда шуд, ки масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо, инчунин гузаронидани машваратҳо дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2021 пешниҳод карда шавад.