https://sputnik.tj/20210307/bodkand-qirghziston-marz-ahmadzoda-zang-1032960476.html
Чаро раиси нави Бодканд ба Аҳмадзода занг зад
Чаро раиси нави Бодканд ба Аҳмадзода занг зад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон равад 07.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-07T09:30+0500
2021-03-07T09:30+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
сиёсат
бодканд
ворух
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032711908_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_1f0368c39c02efae443fbd9601d615c5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Раиси тоза мансубшудаи вилояти Бодканд Омурбек Субҳоналиев бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.Тавре "Парс тудей" менависад, Субҳоналиев ҳамчунин бо раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сӯҳбат кардааст.Гуфта мешавад, ӯ дар тамоси телефонӣ бо руасои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон авзо дар марзҳои муштараки ин се кишвари ҳамсояро баррасӣ кард."Омурбек Субҳоналиев дар тамоси телефонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар бораи зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар манотиқи марзӣ баҳсу табодули назар кард.", - менависад манбаъ.Ҳамчунин мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, об ва энергетика ва бозорчаҳои муштараки марзӣ аз дигар мавзӯоти ин тамоси телефонӣ буд. Раиси тоза мансуб шудаи вилояти Бодканд қаблан низ бар зарурати поён додани ба қочоқи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон таъкид карда буд ва инак мақомоти Бишкек барои ҷилавгириӣ аз ин раванд ба минтақаи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардаанд, ки ин рӯйдод муҷиби афзоиши қиммат бензину гозоил дар Тоҷикистон шудааст. Аҳмадзода: оини ҳамсоядориро нигоҳ медорем, як ваҷаб заминро ноҳақ ба касе намедиҳемАз сӯи дигар Садир Ҷабборов раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран эълон кардааст, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломат гузории марзҳо ба Душанбе сафар хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210216/Komissar-Katani-tayin-rohbar-Bodkand-1032838127.html
ворух
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032711908_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_cdb44da4a1f83158da6fbae0c0a580b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сиёсат , бодканд, ворух, қирғизистон, марз
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сиёсат , бодканд, ворух, қирғизистон, марз
Чаро раиси нави Бодканд ба Аҳмадзода занг зад
09:30 07.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар ҳамин ҳол, интизор меравад раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон равад
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Раиси тоза мансубшудаи вилояти Бодканд Омурбек Субҳоналиев бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Тавре "Парс тудей" менависад, Субҳоналиев ҳамчунин бо раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сӯҳбат кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ дар тамоси телефонӣ бо руасои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон авзо дар марзҳои муштараки ин се кишвари ҳамсояро баррасӣ кард.
"Омурбек Субҳоналиев дар тамоси телефонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар бораи зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар манотиқи марзӣ баҳсу табодули назар кард.", - менависад манбаъ.
Ҳамчунин мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, об ва энергетика ва бозорчаҳои муштараки марзӣ аз дигар мавзӯоти ин тамоси телефонӣ буд.
Раиси тоза мансуб шудаи вилояти Бодканд қаблан низ бар зарурати поён додани ба қочоқи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон таъкид карда буд ва инак мақомоти Бишкек барои ҷилавгириӣ аз ин раванд ба минтақаи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардаанд, ки ин рӯйдод муҷиби афзоиши қиммат бензину гозоил дар Тоҷикистон шудааст.
Аз сӯи дигар Садир Ҷабборов раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран эълон кардааст, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломат гузории марзҳо ба Душанбе сафар хоҳад кард.