Дар вилояти Хатлон мехоҳанд сафари сайёҳони хориҷиро бехатар гардонанд

© Sputnik / Амир ИсаевТуристка на месте раскопок городища Пенджикент
Туристка на месте раскопок городища Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон бо ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба бехатарии сайёҳони хориҷӣ семинари омӯзишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кулоби вилояти Хатлон семинари омузишӣ доир ба бехатарии сайёҳони хориҷӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ" баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Мақомоти Тоҷикистон зарари бахши сайёҳӣ дар замони коронавирусро эълон кард
Тибқи иттилои манбаъ дар ин семинар намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд. Ҳадаф танзими фаъолияти сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон дар вилояти Хатлон буд.
"Дар охири чорабинӣ намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти имдоди Дастаи махсуси зудамали наҷоти шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз наздик шинос шудаанд", - таъкид доштааст КҲФ.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи иттилои расмӣ соли гузашта беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо аҳдофи мухталиф вориди Тоҷикистон шуданд, ки 909 ҳазор ва 100 нафар ё 69 дарсад камтар аз соли 2019 будааст. 
Ба гуфтаи раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 224 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунанд ва ҳеч як аз онҳо дар соли 2020 бо вуҷуди давраи душвори пандемия ва коҳиши даромад, фаъолияти худро қатъ накардааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174 миллион долларӣ дар бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0