https://sputnik.tj/20210308/Simoi-mikronohiyai-Khujand-tabdil-meyobad-1032966369.html
Симои микроноҳияи 13-и шаҳри Хуҷанд табдил меёбад
Симои микроноҳияи 13-и шаҳри Хуҷанд табдил меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки дар микроноҳияи 13-уми шаҳр маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос бунёд мегардад 08.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-08T16:15+0500
2021-03-08T16:15+0500
2021-04-22T16:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
симо
маҷмаа
хизматрасонӣ
бунёд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/62/1031516210_0:564:2637:2048_1920x0_80_0_0_8fdc36b0bc7a312620ca3582eaae6046.jpg
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, корҳои ободонӣ бахусус дар дохили хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр вусъат гирифта, қадди роҳ, пайраҳаҳо ба низом дароварда шуда, то ба имрӯз беш аз 30 адад хонаҳои баландошёнаи ин маҳалла аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии “Истифодабарии манзили соҳили рост” рангубор карда шуданд.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ миёни хонаҳои баландошёнаи 17, 37, 38, ва 25-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос иборат аз чойхона, дорухона, сехи дӯзандагӣ, нонвойхона, майдончаи бозии футбол, мавзеъи бозии кӯдакона, ҷои истироҳати сокинони биноҳо, танӯрхона ва ошхона бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилали 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки барои сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист дар ин микроноҳия беш аз 400 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи шинонида шуданд, ки ба муҳити атроф накҳати дигар мебахшад.Зикр шудааст, ки сокинони микроноҳияи 13-ум аз ин иқдоми шаҳрдорӣ истиқбол карданд.Бояд гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, силсилаи корҳои бунёдкорӣ сурат гирифта истодааст.
https://sputnik.tj/20210306/kucha-Khujand-nomi-genplanist-i-avvalash-1032957341.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/62/1031516210_8:609:1927:2048_1920x0_80_0_0_f3a58198154545bc6529dda43e6f03d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, симо, маҷмаа, хизматрасонӣ, бунёд, хуҷанд
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, симо, маҷмаа, хизматрасонӣ, бунёд, хуҷанд
Симои микроноҳияи 13-и шаҳри Хуҷанд табдил меёбад
16:15 08.03.2021 (Навсозишуда: 16:55 22.04.2021) Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки дар микроноҳияи 13-уми шаҳр маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, корҳои ободонӣ бахусус дар дохили хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр вусъат гирифта, қадди роҳ, пайраҳаҳо ба низом дароварда шуда, то ба имрӯз беш аз 30 адад хонаҳои баландошёнаи ин маҳалла аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии “Истифодабарии манзили соҳили рост” рангубор карда шуданд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ миёни хонаҳои баландошёнаи 17, 37, 38, ва 25-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос иборат аз чойхона, дорухона, сехи дӯзандагӣ, нонвойхона, майдончаи бозии футбол, мавзеъи бозии кӯдакона, ҷои истироҳати сокинони биноҳо, танӯрхона ва ошхона бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилали 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки барои сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист дар ин микроноҳия беш аз 400 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи шинонида шуданд, ки ба муҳити атроф накҳати дигар мебахшад.
Зикр шудааст, ки сокинони микроноҳияи 13-ум аз ин иқдоми шаҳрдорӣ истиқбол карданд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, силсилаи корҳои бунёдкорӣ сурат гирифта истодааст.