https://sputnik.tj/20210306/kucha-Khujand-nomi-genplanist-i-avvalash-1032957341.html
Қарори раиси шаҳр: кӯчаеро дар Хуҷанд ба номи "генпланист"-и аввалаш мегузоранд
Қарори раиси шаҳр: кӯчаеро дар Хуҷанд ба номи "генпланист"-и аввалаш мегузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд қарор баровардааст, ки яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба номи муаллифи аввалин Нақшаи генералӣ (Генпллан) - и ин шаҳр гузоранд 06.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-06T13:12+0500
2021-03-06T13:12+0500
2021-03-06T13:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
хуҷанд
номгузорӣ
кӯча
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/81/1029258176_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_a20cf073ccf5583841392c3ca5961739.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи Всеволод Веселовский, муаллифи аввалин Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд гузошта хоҳад шуд.Дар ин бора Баҳром Юсупов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт хабар дод.Всеволод Веселовский соли 1914 дар шаҳри Кронштадти Русияи подшоҳӣ таваллуд шуда, соли 1937 Институти муҳандисии сохтмонҳои коммуналии шащри Ленинград (имрӯза Санкт – Петербург) – ро бо баҳои аъло хатм намудааст. Ӯ ҳамон сол ба Тоҷикистони шӯравӣ фиристода шуд ва ба ҳайси меъмор дар идораи Лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон (“Тоҷикгоспроект”) ба кор даромад.Мавсуф дар таҳияи аввалин нақшаҳои кулли шаҳраку деҳот дар собиқ вилояти Кӯлоб ва нақшасозии шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар), Норак ва Турсунзода ширкат кардааст.Аввалин нақшаи кулли шаҳри бостонии Хуҷанд, ки тайи солҳои 1937 – 1939 таҳия шуд, яке аз корҳои мондагори зиндагии Всеволод Веселовский ба шумор меояд. Дар пайи ин нақшаи кулл шаҳри Хуҷанд тайи 60 сол бо ширкати мустақими ӯ навсозиву бозсозӣ шудааст.Соли 1963 нақшаи кулли шаҳри Хуҷанд барои то соли 2005 низ бо роҳбарии ӯ таҳия гардидааст.Яке аз нақши дастони Всеволод Веселовский дар шаҳри Душанбе тарҳи маҷмааи биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Буни Ҳисорак, маъруф ба "Ҷазира" аст, ки солҳои 1970 таҳия шудааст.Маҳз бо ибтикори ӯ дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон факултаи меъморӣ таъсис ёфт, ки аввалин меъморон онро соли 1967 хатм карданд.Ин меъмори моҳир раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон (1962-1979), муовини Кумитаи давлатии сохтмони Тоҷикистон, сармеъмори шаҳри Норак ва замоне ҳам котиби Раёсати Иттиҳоди меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
https://sputnik.tj/20210303/Qulla-Badakhshon-ba-nomi-akademik-Rahim-Masov-1032935063.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/81/1029258176_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_ef0d3f2f37fa285dd7738a7aa7ac3822.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, хуҷанд, номгузорӣ, кӯча
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, хуҷанд, номгузорӣ, кӯча
Қарори раиси шаҳр: кӯчаеро дар Хуҷанд ба номи "генпланист"-и аввалаш мегузоранд
13:12 06.03.2021 (Навсозишуда: 13:39 06.03.2021) Ҳукумати шаҳри Хуҷанд қарор баровардааст, ки яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба номи муаллифи аввалин Нақшаи генералӣ (Генпллан) - и ин шаҳр гузоранд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи Всеволод Веселовский, муаллифи аввалин Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд гузошта хоҳад шуд.
Дар ин бора Баҳром Юсупов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт хабар дод.
"Қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба қарибӣ имзо шудааст. Аммо ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки маҳз кадом кӯчаро ба номи ин кас номгузорӣ мекунанд", - гуфт Баҳром Юсупов.
Всеволод Веселовский соли 1914 дар шаҳри Кронштадти Русияи подшоҳӣ таваллуд шуда, соли 1937 Институти муҳандисии сохтмонҳои коммуналии шащри Ленинград (имрӯза Санкт – Петербург) – ро бо баҳои аъло хатм намудааст.
Ӯ ҳамон сол ба Тоҷикистони шӯравӣ фиристода шуд ва ба ҳайси меъмор дар идораи Лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон (“Тоҷикгоспроект”) ба кор даромад.
Мавсуф дар таҳияи аввалин нақшаҳои кулли шаҳраку деҳот дар собиқ вилояти Кӯлоб ва нақшасозии шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар), Норак ва Турсунзода ширкат кардааст.
Аввалин нақшаи кулли шаҳри бостонии Хуҷанд, ки тайи солҳои 1937 – 1939 таҳия шуд, яке аз корҳои мондагори зиндагии Всеволод Веселовский ба шумор меояд. Дар пайи ин нақшаи кулл шаҳри Хуҷанд тайи 60 сол бо ширкати мустақими ӯ навсозиву бозсозӣ шудааст.
Соли 1963 нақшаи кулли шаҳри Хуҷанд барои то соли 2005 низ бо роҳбарии ӯ таҳия гардидааст.
Яке аз нақши дастони Всеволод Веселовский дар шаҳри Душанбе тарҳи маҷмааи биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Буни Ҳисорак, маъруф ба "Ҷазира" аст, ки солҳои 1970 таҳия шудааст.
Маҳз бо ибтикори ӯ дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон факултаи меъморӣ таъсис ёфт, ки аввалин меъморон онро соли 1967 хатм карданд.
Ин меъмори моҳир раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон (1962-1979), муовини Кумитаи давлатии сохтмони Тоҷикистон, сармеъмори шаҳри Норак ва замоне ҳам котиби Раёсати Иттиҳоди меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.