https://sputnik.tj/20210216/Komissar-Katani-tayin-rohbar-Bodkand-1032838127.html
Аз мақоми махсус то таъйини "Комиссар Катани" ба роҳбарии Бодканд: шарҳи сарвазир
Аз мақоми махсус то таъйини "Комиссар Катани" ба роҳбарии Бодканд: шарҳи сарвазир
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки давлати Қирғизистон ба Бодканд, вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон мақоми махсус диҳад. Дар Бишкек як гуруҳ эътирозгарон талаб доранд, ки... 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T18:56+0500
2021-02-16T18:56+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
бодканд
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032754938_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_1d8ff11d5fb66a59f00dd4d6f9b2c1e6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон масъалаи додани мақоми махсусро ба вилояти Бодканд баррасӣ мекунад, хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли нахуствазири ин кишвар Улуғбек Маъруфов. Ба иттилои сарвазир, роҳбари нави вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев таъйин шудааст, ки дар байни мардум бо номи "Комиссар Каттани" маъруф аст."Умедворем, ки ӯ вазифаҳоро ба дӯшаш гузошташударо хуб иҷро хоҳад кард. Дар минтақаи Бодканд қисматҳои аломатгузоринашудаи марзӣ мавҷуданд, вазъ мураккаб аст. Масъалаи додани мақоми махсус ба ин минтақа баррасӣ мешавад", - навиштааст Маъруфов дар сафҳаи худ дар Фейсбук.Сарвазири Қирғизистон инчунин гуфт, ки мақомоти ҷумҳурӣ барои кумак ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, ҳама чораро анҷом хоҳанд кард. Ба гуфтаи Маъруфов, раиси нави минтақа пешниҳодҳои нав омода мекунад ва рӯзҳои наздик ба ҳукумат ин масъаларо ироа месозад.Дар ҳамин ҳол, хабар дода мешавад, ки рӯзи дуввум боз дар пеши бинои ҳукумат гирдиҳамоӣ баргузор мешавад, ки ширкаткунандагони он ҳалли мушкилоти марзӣ дар Бодканд, дар қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистонро тақозо мекунанд.
https://sputnik.tj/20210215/Bozdosht-shahrvand-Tojikiston-Qirgiziston-1032829387.html
бодканд
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032754938_167:0:888:541_1920x0_80_0_0_d49ce8cc2ad4358af71d3c3401fe34ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бодканд, қирғизистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бодканд, қирғизистон
Аз мақоми махсус то таъйини "Комиссар Катани" ба роҳбарии Бодканд: шарҳи сарвазир
18:56 16.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Интизор меравад, ки давлати Қирғизистон ба Бодканд, вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон мақоми махсус диҳад. Дар Бишкек як гуруҳ эътирозгарон талаб доранд, ки мушкилоти марзӣ ҳал карда шаванд
ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон масъалаи додани мақоми махсусро ба вилояти Бодканд баррасӣ мекунад, хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли нахуствазири ин кишвар Улуғбек Маъруфов.
Ба иттилои сарвазир, роҳбари нави вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев таъйин шудааст, ки дар байни мардум бо номи "Комиссар Каттани" маъруф аст.
"Умедворем, ки ӯ вазифаҳоро ба дӯшаш гузошташударо хуб иҷро хоҳад кард. Дар минтақаи Бодканд қисматҳои аломатгузоринашудаи марзӣ мавҷуданд, вазъ мураккаб аст. Масъалаи додани мақоми махсус ба ин минтақа баррасӣ мешавад", - навиштааст Маъруфов дар сафҳаи худ дар Фейсбук.
Сарвазири Қирғизистон инчунин гуфт, ки мақомоти ҷумҳурӣ барои кумак ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, ҳама чораро анҷом хоҳанд кард. Ба гуфтаи Маъруфов, раиси нави минтақа пешниҳодҳои нав омода мекунад ва рӯзҳои наздик ба ҳукумат ин масъаларо ироа месозад.
Дар ҳамин ҳол, хабар дода мешавад, ки рӯзи дуввум боз дар пеши бинои ҳукумат гирдиҳамоӣ баргузор мешавад, ки ширкаткунандагони он ҳалли мушкилоти марзӣ дар Бодканд, дар қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистонро тақозо мекунанд.