https://sputnik.tj/20210307/amrico-chin-siyosat-izhorot-1032963655.html
Изҳороти тунди Чин дар бораи сиёсати Амрико
Изҳороти тунди Чин дар бораи сиёсати Амрико
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Чин сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро сахт интиқод кард 07.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-07T18:32+0500
2021-03-07T18:32+0500
2021-04-06T14:49+0500
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102428/45/1024284575_0:170:3037:1878_1920x0_80_0_0_fe60d504c5f80bb07a516fa3d72cd40b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар нишасти матбуотии солона дар ҳошияи иҷлоси Конгресси Умумиҷаҳонии Халқ сиёсати Амрикоро танқид кард.Пеш аз ҳама, сиёсатмадор ба "демократияшинонӣ"-и Амрико ишора кард, ки иёлот аз он сӯистифода мекунад."Иёлоти Муттаҳида доимо бо баҳонаи демократия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба корҳои дохилии дигар кишварҳо дахолат мекунад. Ин дар ҷаҳон шумораи зиёди мушкилотро ба вуҷуд меорад ва дар баъзе ҳолатҳо боиси нооромӣ ва муноқишаҳо мегардад", - изҳор дошт Ван И.Вазири корҳои хориҷии Чин қайд кард, ки агар ИМА хатогиҳои худро дарк накунад, ҷаҳон дур аз оромӣ хоҳад монд.Дипломати чинӣ илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Чин ихтилофи зиёде доранд, аммо кишвараш ба муколама омода аст."Мо барои амиқтар кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида боз ҳастем" гуфт ӯ.Аммо, Чин ва Иёлоти Муттаҳида "хати сурх" доранд - ин принсипи "як Чин" ва масъалаи Тайван аст.Си Ҷинпин ба артиши Чин фармон дод барои ҷанг бо Амрико омода бошандВан И қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида набояд аз ин марз убур кунад. Сиёсатмадор инчунин изҳори умедворӣ кард, ки маъмурияти нави ИМА ба ин масъала диққати бештар хоҳад дод.Масъалаи дигари сиёсати хориҷӣ, ки дар он мавқеи Чин ва Иёлоти Муттаҳида ба куллӣ ихтилоф доранд, фишор ба Теҳрон аст. Ван И гуфт, Чин ҷонибдори хотима додани фишор ба Теҳрон бо таҳримоти ИМА ва ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна аст.
https://sputnik.tj/20201215/Khakerhoi-Rusiya-Iran-va-Chin-Amriko-hamla-kardand-1032459760.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102428/45/1024284575_152:0:2883:2048_1920x0_80_0_0_18b749862f6534831b558414ffd4b9d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, чин
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, чин
Изҳороти тунди Чин дар бораи сиёсати Амрико
18:32 07.03.2021 (Навсозишуда: 14:49 06.04.2021) Вазорати корҳои хориҷии Чин сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро сахт интиқод кард
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар нишасти матбуотии солона дар ҳошияи иҷлоси Конгресси Умумиҷаҳонии Халқ сиёсати Амрикоро танқид кард.
Пеш аз ҳама, сиёсатмадор ба "демократияшинонӣ"-и Амрико ишора кард, ки иёлот аз он сӯистифода мекунад.
"Иёлоти Муттаҳида доимо бо баҳонаи демократия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба корҳои дохилии дигар кишварҳо дахолат мекунад. Ин дар ҷаҳон шумораи зиёди мушкилотро ба вуҷуд меорад ва дар баъзе ҳолатҳо боиси нооромӣ ва муноқишаҳо мегардад", - изҳор дошт Ван И.
Вазири корҳои хориҷии Чин қайд кард, ки агар ИМА хатогиҳои худро дарк накунад, ҷаҳон дур аз оромӣ хоҳад монд.
Дипломати чинӣ илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Чин ихтилофи зиёде доранд, аммо кишвараш ба муколама омода аст.
"Мо барои амиқтар кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида боз ҳастем" гуфт ӯ.
Аммо, Чин ва Иёлоти Муттаҳида "хати сурх" доранд - ин принсипи "як Чин" ва масъалаи Тайван аст.
Ван И қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида набояд аз ин марз убур кунад. Сиёсатмадор инчунин изҳори умедворӣ кард, ки маъмурияти нави ИМА ба ин масъала диққати бештар хоҳад дод.
Масъалаи дигари сиёсати хориҷӣ, ки дар он мавқеи Чин ва Иёлоти Муттаҳида ба куллӣ ихтилоф доранд, фишор ба Теҳрон аст. Ван И гуфт, Чин ҷонибдори хотима додани фишор ба Теҳрон бо таҳримоти ИМА ва ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна аст.