Хакерҳои Русияву Эрон ва Чин ба Амрико ҳамла карданд?

© REUTERS \ Kacper Pempel/Files Хакер, архивное фото
Хакер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Амрико гуфтанд, ки хакерҳо рӯзи душанбе ба системаҳои иртиботи дохилии Вазорати амнияти дохилии Амрико дастрасӣ пайдо кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Мақомоти Амрико эълон кардаст, ки эҳтимол дорад ин ҳакерҳо барои давлати Русияи кор мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей" дар истинод ба гузориши “Ройтерс”

Новый клин Нигины Амонкуловой - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи хакерҳо ба саҳифаи Нигина Амонқулова дар Instagram

Бино бар иттилои манбаъ, Вазорати амнияти дохилии Амрико, масъули амнияти марзҳо, амнияти кибернетикӣ ва ҳамчунин тавзеъи амни ваксинаи корона аст.

Раиси Комитети иттилоотии маҷлиси намояндагони Амрико Адам Шифф, пас аз интишори ин хабар дар баёнияе муддаӣ шуд, ки Эрон, Русия ва Чин ҳамалоти кибернетикии пешрафта алайҳи Амрикоро анҷом додаанд. 

Давлати Амрико, рӯзи якшанбе 13 декабр низ эълом кард пас аз интишори гузоришҳои расонаӣ дар бораи ҳамалоти кибернетикии як давлати хориҷӣ, ки сайти вазорати хазонадории Амрико ва вазорати бозаргонии ин кишварро ҳадаф қарор дода буд, дар ҳолати омодабош қарор гирифтааст.

Дар муқобил, сафорати Русия дар Вашингтон иддаои дасти доштани ин кишвар дар ҳамлаи кибернетикӣ ба хазонаи дории Амрикоро такзиб кард.

Мақомоти амрикоӣ, ҳамвора бидуни ироаи ҳеч санаде бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Русия ва Чинро ба унвони масъули ҳамалоти кибернетикӣ дар хоки Амрико муаррифӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0