Мотам дар Бемористони Хуҷанд: Шариф Раҷабов, табиби сироятшинос дар ҷои кор даргузашт

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Обуна шудан
Шариф Раҷабов, табиби сироятшинос ва мудири шуъбаи бемориҳои зардпарвини Бемористони сироятии Хуҷанд дар синни 65 солагӣ аз дунё даргузашт
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Табиби сироятшинос ва мудири шуъбаи бемориҳои зардпарвини Бемористони сироятии Хуҷанд дар паи бемории қалб дунёро падруд гуфт.
Абдусалом Умаров, яке аз ҳамкасбони табиб дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҷабов чанд вақти охир аз беморие ранҷ мекашид, вале дирӯз дар ҷойи кор якбора дилаш аз тапитан боз монд. 
"Ҳарчанд як дафъа ба сактаи қалбӣ (инфаркт) дучор шуда буданд, вале ҳеҷ гоҳ аз саломатӣ шикоят надоштанд ва дасту дилашон ба кор гарм буд. Мутаассифона дирӯз якбора дилашон қапид ва бо ҳамин ҷон ба Ҳақ таслим намуданд", - гуфт манбаъ аз Бемористони сироятии Хуҷанд.
Шариф Раҷабов аз табибоне дар Хуҷанд гуфта мешуд, ки дар замони хуруҷии пандемия дар сафи пеши мубориза қарор дошт ва бо ҷасорати бутуни касбӣ даҳҳо гирифторони каронавирусро муолиҷа мекард.
Свечка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Мотам дар соҳаи фарҳанг: даргузашти 25 шахсияти барҷаста дар Тоҷикистон
Ин аст, ки даҳҳо нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ин табиби ҳозиқро талафоти бузург дар соҳаи тибби кишвар ба вижа Бемористони сироятии Хуҷанд маънидод кардаанд.
Раҷабов Шариф Валиевич 8 майи соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1979 Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанберо хатм намудааст.
Баъд аз гузаштани курси интернатура беш аз чиҳил сол ба ин тараф ҳамчунин духтури сироятшинос дар Бемористони Хуҷанд фаъолият доштааст.
Соли 1981 бо ибтикори ӯ, шуъбаи эҳё дар Бемористон ташкил карда шудааст.
Соли мотам: бузургони рафта дар соли 2020
Раҷабов, солҳои 2001 - 2013 сартабиби Бемористони сироятии Хуҷандро ба зима дошт. Ҳамзамон солҳои зиёд минҳайси сармутахассиси умури сироятшиносӣ дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд кор кардааст.
Ҳашт соли охир, мудири шуъбаи якум ва ё сироятии ин бемористон буд. Ҷанозаи марҳум дирӯз дар қабристони ҷамоати Ёваи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0