https://sputnik.tj/20210212/Darguzashti-25-hunarmand-Tojikiston-1032813065.html
Мотам дар соҳаи фарҳанг: даргузашти 25 шахсияти барҷаста дар Тоҷикистон
Мотам дар соҳаи фарҳанг: даргузашти 25 шахсияти барҷаста дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода гуфт, бахши фарҳанги кишвар имсол 25 шахсияти барҷастаро аз даст дод, ки ин боиси таассуф аст 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T11:24+0500
2021-02-12T11:24+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
даргузашт
ҳунарманд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102431/39/1024313955_0:378:2640:1863_1920x0_80_0_0_00134ec49ea2a3b78dc9a53a0580b749.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Раҳбарияти Вазорати фарҳанг ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи кумаку дастгирӣ дар давраи маросими дафни 25 нафар аз аҳли фарҳанг изҳор дошт, ки албатта аз ҷониби Вазорати фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.Вазир афзуд, ки даргузашти бузургон боиси таассуф ҳаст, вале аҷал ки омад аз он роҳи гурез нест. Он аз даргоҳи ҳар яки мову шумо гузар мекунад, таъкид кард вазир.Ӯ афзуд, ки ҳамеша дар фикру зикри бузургони гузашта ҳастанд."Мо он шахсиятҳоеро, ки миёни мо нестанд ва он бузургонеро, ки хушбахтона бо мо ҳастанд, хабар мегирем. Кумакҳои молӣ шояд ночиз бошад, вале тибқи имкону шароит ва дарёфтҳои Вазорати фарҳанг мо албатта дастгирӣ мекунем", - гуфт Зулфия Давлатзода.Ёдрас мешавем, ки аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар соли 2020 шахсиятҳои бузурги зиёдеро аз даст дод. Бархеи онҳо қурбони ҳамагирии коронавирус шуданд.Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, зарурати нашри некролог ё хабарҳо дар бори фавти чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ тариқи телевизионҳоро намебинад.Чаро ТВ аз марги бузургону камбудиҳо дар Тоҷикистон намегӯяд? Посухи Нуриддин СаидӮ гуфт гумон мекунад некролог дар телевизион зарурат надорад, аммо шарҳ надод, ки бо кадом далоил ин таҷрибаи роиҷи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зарур нест.
https://sputnik.tj/20201221/Soli-sertalaf-fehrasti-buzurgoni-darguzashtai-Tojikiston-dar-soli-2020-1032495940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102431/39/1024313955_0:0:2640:1980_1920x0_80_0_0_791afea583cf2f82d0c2a0cc7100acf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, даргузашт, ҳунарманд
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, даргузашт, ҳунарманд
Мотам дар соҳаи фарҳанг: даргузашти 25 шахсияти барҷаста дар Тоҷикистон
11:24 12.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода гуфт, бахши фарҳанги кишвар имсол 25 шахсияти барҷастаро аз даст дод, ки ин боиси таассуф аст
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Раҳбарияти Вазорати фарҳанг ба суоли
Sputnik Тоҷикистон дар бораи кумаку дастгирӣ дар давраи маросими дафни 25 нафар аз аҳли фарҳанг изҳор дошт, ки албатта аз ҷониби Вазорати фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
"Ҳамаи мо инсон ҳастем. Ҳамаи мо дар ин дунё меҳмон ҳастем, ягон кас абадуддаҳр намемонад. Худи роҳбарияти вазорат иштирок карданд, масъулон ба хонаи онҳо ташриф меоранд, бо аҳли хонаводаашон - (шарҳ аз идора) телефонӣ суҳбат мекунем",- гуфт Давлатзода.
Вазир афзуд, ки даргузашти бузургон боиси таассуф ҳаст, вале аҷал ки омад аз он роҳи гурез нест. Он аз даргоҳи ҳар яки мову шумо гузар мекунад, таъкид кард вазир.
Ӯ афзуд, ки ҳамеша дар фикру зикри бузургони гузашта ҳастанд.
"Мо он шахсиятҳоеро, ки миёни мо нестанд ва он бузургонеро, ки хушбахтона бо мо ҳастанд, хабар мегирем. Кумакҳои молӣ шояд ночиз бошад, вале тибқи имкону шароит ва дарёфтҳои Вазорати фарҳанг мо албатта дастгирӣ мекунем", - гуфт Зулфия Давлатзода.
Ёдрас мешавем, ки аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар соли 2020 шахсиятҳои бузурги зиёдеро аз даст дод. Бархеи онҳо қурбони ҳамагирии коронавирус шуданд.
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, зарурати нашри некролог ё хабарҳо дар бори фавти чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ тариқи телевизионҳоро намебинад.
Ӯ гуфт гумон мекунад некролог дар телевизион зарурат надорад, аммо шарҳ надод, ки бо кадом далоил ин таҷрибаи роиҷи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зарур нест.