https://sputnik.tj/20210306/Indoneziya-timsoh-kudak-1032959847.html
Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд
Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд 06.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-06T20:00+0500
2021-03-06T20:00+0500
2021-03-06T19:16+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
индонезия
тимсоҳ
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102808/84/1028088415_0:176:1920:1261_1920x0_80_0_0_2b34a0a24191c4b06ca15a79f71977a2.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад The Sun.Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид кард.Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.Даҳшат: тимсоҳи азимҷусса сагро дар пеши соҳибаш фурӯ бурд - видеоОн замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.
https://sputnik.tj/20210305/Firor-dahho-timsoh-dar-Afriqo-1032947518.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102808/84/1028088415_0:72:1920:1279_1920x0_80_0_0_d16ca0b686e7eedef86b55bf72a3dada.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, индонезия, тимсоҳ, кӯдак
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, индонезия, тимсоҳ, кӯдак
Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад
The Sun.
Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.
Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид кард.
Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.
Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.
Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.
Он замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.
Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.