Фирори беш аз 30 тимсоҳ аз мазрааи парваришӣ дар Африқои Ҷанубӣ

© Sputnik / Наталья СеливерстоваКрокодил, архивное фото
Крокодил, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Обуна шудан
Дар Африқои Ҷанубӣ даҳҳо тимсоҳ аз макони буду боши худ фирор кардааст. Мақомот ба мардуми маҳаллӣ ҳушдор медиҳад, ки ба соҳилҳои дарё наздик нашаванд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Як гурӯҳи махсус аз пулис тимсоҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ахиран аз мазраае воқеъ дар вилояти Капски Ғарбии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ фирор кардаанд, хабар медиҳад КҲФ.
Змея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2020
Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона
Бино ба гузориши расмӣ дар айни замон 27 тимсоҳи фирорӣ пайдо ва ба макони будубоши қаблиашон баргардонида шудаанд.
Аммо маълум нест, ки дар маҷмӯъ чанд хазанда фирор кардааст. Мақомоти ҳисоби дақиқи онҳоро намедонанд ва ин кори ҷустуҷӯро мушкил кардааст.
Тахмин меравад, ки як сабаби фирори тимсоҳҳо девори харобшуда бошад, ки аз он берун шуда, ба самти дарёи Брид равон шудаанд. 
Сокинони  маҳаллӣ огоҳ карда шудаанд, ки ба ҳайвонҳои фирорӣ наздик нашаванд.  
"Табиист, ки онҳо хеле хатарноканд, чун ҳайвони ваҳшиянд, ҳарчанд дар асорат бузург шудаанд. Одамон набояд бо онҳо рӯ ба рӯ оянд ва ҳатто то даме, ки кулли онҳо боздошт ва ба мазраа баргардонида нашаванд, набояд ба соҳилҳои дарё ҳам наздик шаванд", - гуфтааст Петро ван Рин, котиби матбуотии CapeNature, агентии вилоятии ҳифзи олами ваҳшӣ. 
Тимсоҳ ҷонвари хазанда ва дорои чаҳор дасту пост, дар об хеле хуб шино мекунад, аммо доим обӣ нест, тухмҳояшро дар замин мегузорад ва бача мебарорад. Ба ин синф калтакалос, морҳо ва сангпуштон дохил мешаванд. Имрӯз дар олам 21 намуди тимсоҳ вуҷуд дорад. 
Инҳо дарандаҳое мебошанд, ки дар мантиқи тропикӣ (танҳо як намудашон дар минтақаҳои субтропикӣ) ҳаёт ба сар мебаранд ва тарзи зидагии нимобу нимхушкӣ доранд. Онҳо бештар дар соҳилҳои обҳои ширин зиндагӣ мекунанд. Танҳо тимсоҳи теғадорро баъзан метавон (дуртар аз 600 км) аз соҳили баҳр вохӯрд.
Тимсоҳҳоро ба се оила ҷудо мекунанд: аллигаторҳо, тимсоҳҳои ҳақиқӣ ва гавиалҳо (тимсоҳи ҳиндӣ).
Лентаи хабарҳо
0