https://sputnik.tj/20210303/Intizori-furudgoh-Vnukovo-parvoz-Tojikiston-1032933856.html
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Фурудгоҳи Внуково интизор аст, ки парвозҳо ба кишварҳои ИДМ, алахусус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз моҳи апрел-май ифтитоҳ мешаванд 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T17:27+0500
2021-03-03T17:27+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
фурудгоҳ
парвоз
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_89:0:1796:960_1920x0_80_0_0_f6be751d2f0e86b8308a0d976ffd421f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар ин бора Виталий Вантсев, раиси Шӯрои директорони ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Внуково, хабар додааст, менависад ТАСС.Номбурда гуфтааст, ки хатсайрҳои масири Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз бозорҳои калон ва сердаромаданд ва бо беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ интизори кушодани парвозҳои мунтазаманд."Мо интизор ҳастем, ки аз апрел-май шарикони мо - кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кушода мешаванд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо беҳтар аст ва дар айни замон он дар кишвари мо низ мӯътадил шуда истодааст. Аз ин рӯ, умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳад шуд”, - гуфт Виталий Вантсев.Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштаастҲамаи парвозҳои байналмилалӣ аз Русия, ба гуфтаи Вантсев, то август-сентябр кушода мешаванд. Имсол эҳёи комили бозори нақлиёти ҳавоиро набояд интизор дошт, "аммо мо соли ояндаро бесаброна интизорем", - афзуд ӯ. Дар ин самт сатҳи эмгузаронии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад дошт, бовар дорад соҳибкор.Вантсев дар посух ба савол дар бораи натиҷаҳои молиявии Внуково барои соли 2020 гуфт: "Мо соли гузаштаро бидуни фоида ба анҷом расондем, аммо бе зиён". Мувофиқи натиҷаҳои соли гузашта, Внуково аз рӯи гардиши мусофирон севумин фурудгоҳи Федератсияи Русия мебошад. Бузургтарин пойгоҳи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳ - "Победа" и Utair будаанд.Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифтӮ ҳамзамон гуфтааст, ки фурудгоҳ нақша дорад, дар соли 2021 ҳадди аққал ба 14 миллион мусофир хидмат расонад.
https://sputnik.tj/20210215/parvoz-tojikiston-rusiya-1032825872.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_302:0:1582:960_1920x0_80_0_0_79ba8d76f8ab548d8d4b764d7d35f18f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фурудгоҳ, парвоз, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фурудгоҳ, парвоз, дар русия, дар тоҷикистон
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
17:27 03.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Фурудгоҳи Внуково интизор аст, ки парвозҳо ба кишварҳои ИДМ, алахусус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз моҳи апрел-май ифтитоҳ мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар ин бора Виталий Вантсев, раиси Шӯрои директорони ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Внуково, хабар додааст, менависад
ТАСС. Номбурда гуфтааст, ки хатсайрҳои масири Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз бозорҳои калон ва сердаромаданд ва бо беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ интизори кушодани парвозҳои мунтазаманд.
"Мо интизор ҳастем, ки аз апрел-май шарикони мо - кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кушода мешаванд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо беҳтар аст ва дар айни замон он дар кишвари мо низ мӯътадил шуда истодааст. Аз ин рӯ, умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳад шуд”, - гуфт Виталий Вантсев.
Ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ аз Русия, ба гуфтаи Вантсев, то август-сентябр кушода мешаванд. Имсол эҳёи комили бозори нақлиёти ҳавоиро набояд интизор дошт, "аммо мо соли ояндаро бесаброна интизорем", - афзуд ӯ. Дар ин самт сатҳи эмгузаронии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад дошт, бовар дорад соҳибкор.
Вантсев дар посух ба савол дар бораи натиҷаҳои молиявии Внуково барои соли 2020 гуфт: "Мо соли гузаштаро бидуни фоида ба анҷом расондем, аммо бе зиён".
Мувофиқи натиҷаҳои соли гузашта, Внуково аз рӯи гардиши мусофирон севумин фурудгоҳи Федератсияи Русия мебошад. Бузургтарин пойгоҳи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳ - "Победа" и Utair будаанд.
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки фурудгоҳ нақша дорад, дар соли 2021 ҳадди аққал ба 14 миллион мусофир хидмат расонад.