https://sputnik.tj/20210305/Rahmon-Podguzov-jalbi-sarmoya-1032949079.html
Суҳбати Раҳмон бо Подгузов: аз ҷалби сармоя барои саноат ва энержӣ то сохтмони мактабҳо
Суҳбати Раҳмон бо Подгузов: аз ҷалби сармоя барои саноат ва энержӣ то сохтмони мактабҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ... 05.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-05T15:26+0500
2021-03-05T15:26+0500
2021-04-19T16:45+0500
иқтисод
ҳамаи хабарҳо
бор
эмомалӣ раҳмон
суҳбат
мулоқот
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032953559_0:304:3072:2041_1920x0_80_0_0_1d65ded058c4655196d711123ec9f7b9.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот кард.Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардидааст.Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Русия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Бунёди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.Манбаъ афзуда, ки дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.
https://sputnik.tj/20210303/BOR-Tojikiston-dollar-vazir-sarf-1032932084.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032953559_0:110:3072:2041_1920x0_80_0_0_c9d226bbfc9287b905248f1e25cd695a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, ҳамаи хабарҳо, бор, эмомалӣ раҳмон, суҳбат, мулоқот, дар тоҷикистон
иқтисод, ҳамаи хабарҳо, бор, эмомалӣ раҳмон, суҳбат, мулоқот, дар тоҷикистон
Суҳбати Раҳмон бо Подгузов: аз ҷалби сармоя барои саноат ва энержӣ то сохтмони мактабҳо
15:26 05.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҷонибҳо ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардидааст.
"Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст", — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Русия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Бунёди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.
Манбаъ афзуда, ки дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.