БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзааш созишномаҳои грантӣ миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёии Рушдро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аз дафтари матбуотии палатаи поёнии порлумони кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси ин созишнома ҳамакнун Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 105 миллион доллар қарзи бебозгашт мегирад.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2021
Фармонҳои Раҳмон дар бораи грантгирӣ барои барқу роҳ
Гуфта мешавад, ин маблағ барои лоиҳаҳои "Барномаи рушди бахши энергетика" ва "Устувории шабакаи роҳ"-ҳо равона мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон зимни баромадаш дар назди вакилон гуфт, маблағҳо ба рушди шабакаҳои энергетикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Данғара равона карда мешаванд.
Номбурда гуфт, аз ҳисоби гранти мазкур тақрибан 400 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ, 264 трансформатори пуриқтидор барои коҳиши талафоти нерӯи барқ ва рушди низоми биллингӣ харидорӣ мешавад, ки дар ин умур 70 миллион доллари он масраф мешавад.
Тасвиби грант барои таъмини тоҷикистониён бо кор
Ғайр аз ин, Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди роҳе, ки шаҳраки Хулбукро бо маркази ноҳияи Темурмалик мепайвандад, 73 миллион доллар медиҳад.
Местная жительница Восейского района перегоняет бычка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2020
Барои таъмири роҳҳо ва дастгирии занон: БОР ба Тоҷикистон 67 миллион доллар медиҳад
"Лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ намудани талаботи муҳими минтақа оид ба беҳтаргардонии шоҳроҳҳои миллӣ, алалхусус Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт равона шудааст. Қитъаҳои мазкур шоҳроҳи Осиёии №66 дар Данғара ва Ҳулбукро пайваст намуда, барои ҳамгироии марказҳои бузурги иқтисодии минтақа хидмат менамояд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати молия.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 72,93 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 67,49 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд ва 5,44 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби саҳми Тоҷикистон татбиқ мегардад.
“Қарз зиёд шуд, боз қарз мегирем”: қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ қаблан гуфта буд, ки барномаи грантиро барои тақвияти татбиқи ислоҳоти ҷорӣ ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетика дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0