https://sputnik.tj/20210304/Mamadboqirov-lider-Badakhshon-murakhkhas-1032938646.html
Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон аз беморхона мураххас шуд
Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон аз беморхона мураххас шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ табобат мегирифт, мураххас шуддааст 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T12:34+0500
2021-03-04T12:34+0500
2021-03-04T12:52+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102721/63/1027216323_0:304:3000:2000_1920x0_80_0_0_d7162762dc5b644fce39dfc2e3588d79.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирови 58-сола, полковники пешини нерӯи марзбонии Тоҷикистон 58-сола, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, беш аз ду ҳафта дар Маркази тиббии Оқохон табобат гирифтааст.Як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи мазкур гуфт, ҳоло вазъи Маҳмадбоқиров куллан хуб шудааст."Саломатии Маҳмадбоқир куллан хуб шуд ва мо тасмим гирифтем, ки мураххас кунем. Субҳи имрӯз ҷавоб додем".Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт.Ин мабаъ гуфта буд, ки Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад.Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид карда буд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.
https://sputnik.tj/20181023/Eloni-ogoii-rasm-ba-7-sarkarda-i-guruoi-inoii-VMKB-va-savgandashon-bo-imzo-VIDEO-1027207789.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102721/63/1027216323_0:114:3000:2000_1920x0_80_0_0_50f793b4756303852382aa338707e3b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон аз беморхона мураххас шуд
12:34 04.03.2021 (Навсозишуда: 12:52 04.03.2021) Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ табобат мегирифт, мураххас шуддааст
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирови 58-сола, полковники пешини нерӯи марзбонии Тоҷикистон 58-сола, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, беш аз ду ҳафта дар Маркази тиббии Оқохон табобат гирифтааст.
Як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи мазкур гуфт, ҳоло вазъи Маҳмадбоқиров куллан хуб шудааст.
"Саломатии Маҳмадбоқир куллан хуб шуд ва мо тасмим гирифтем, ки мураххас кунем. Субҳи имрӯз ҷавоб додем".
Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт.
Ин мабаъ гуфта буд, ки Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад.
Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид карда буд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.