Эълони огоҳии расмӣ ба 7 “саркарда”-и гуруҳҳои ҷиноии ВМКБ ва савгандашон бо имзо (ВИДЕО)

© Sputnik / Нозим КаландаровПост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати амнияти миллӣ, умури дохилӣ ва додситонии Тоҷикистон дар ВМКБ аз додани огоҳии расмӣ ба 7 “саркарда”- и гуруҳҳои ҷиноӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Ситоди байниидоравӣ дар феҳрасти саркардагони гуруҳҳои ҷиноии шаҳри Хоруғ ва навоҳии Шуғнону Роштқалъа 7 нафарро ном бурда, иттилоъ дод, ки ба ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ дода шуд ва онҳо протоколи расмиро шахсан имзо намуданд.

Тибқи иттилоияи Ситоди байниидоравӣ, ки тариқи телевизиони Бадахшон нашр шуд, Айёмбеков Толиб, Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Маҳмадасламов Ёдгор, Мазоров Хурсанд, Шанбиев Мунаввар, Зоҳир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев ба бинои Прокуратураи вилоят даъват карда шуда, дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов: аз яроқ наметарсам, тарсам аз мафкураи мардум аст (ВИДЕО)

“Нисбати онҳо протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ҳар яки онҳо ин санадро имзо карданд”, - омадааст дар иттилоияи Ситод.

Ба иттилои манбаъ аз шаҳрвандони зикршуда талаб карда шуд, ки аз ташкилу роҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъвати ҷавонон ба бетартибиҳо, ғасби иншооти давлатӣ, таҳқири намояндагони ҳокимият, гардиши силоҳ, маводи мухаддир, аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти ҷомеа худдорӣ кунанд.  

Саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ уҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя нашудани талаботи дар огоҳии расмӣ зикршуда, омодаанд дар назди қонунгузорӣ ҷавоб гӯянд. Ин иттилоия зери унвони савганди саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ дар назди қонуният тариқи телевизион нашр гардид.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санади огоҳии расмиро роҳбарияти мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ, додситонӣ ва додгоҳи ВМКБ имзо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0