https://sputnik.tj/20210217/VKD-huvviyat-javon-kor-kush-1032844242.html
ВКД ҳуввияти ҷавоне, ки таксиронро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард
ВКД ҳуввияти ҷавоне, ки таксиронро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт ҳуввияти ҷавоне, ки ронадаи таксиро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T18:38+0500
2021-02-17T18:38+0500
2021-02-17T18:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032844144_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_6ccb07125904b9ee2e59eb47f6912cfd.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи "Хундай-Солярис", рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.Ба иттилои манбаъ, ҷасади ронанда бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд ёфт шуд. “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад”,-афзудааст манбаъ.Манбаъ мегӯяд, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.Ба таъкиди ниҳод, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад, афзудааст Раёсати Вазорати корҳои дохила.
https://sputnik.tj/20210217/Javon-ronanda-taksi-Duashnbe-kusht-1032841442.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032844144_52:0:1173:841_1920x0_80_0_0_4029afdd1af50fca58a5354b0ddd5469.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ВКД ҳуввияти ҷавоне, ки таксиронро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард
18:38 17.02.2021 (Навсозишуда: 18:55 17.02.2021) Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт ҳуввияти ҷавоне, ки ронадаи таксиро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи "Хундай-Солярис", рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади ронанда бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд ёфт шуд.
“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад”,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.
“Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст”,- мегӯяд манбаъ.
Ба таъкиди ниҳод, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад, афзудааст Раёсати Вазорати корҳои дохила.