https://sputnik.tj/20210303/Maqomdori-jumurii-khudkhondai-Qarabog-iddaoi-istiqlol--1032932837.html
Мақомдори ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ иддаои истиқлол кард
Мақомдори ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ иддаои истиқлол кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки пеш аз ин раисиҷумҳурии Озарбойҷон эълом карда буд, ки парвандаи ҷумҳурии худхонда баста шудааст, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ... 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T16:00+0500
2021-03-03T16:00+0500
2021-03-03T16:16+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
арманистон
истиқлол
озарбойҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/02/1032009972_0:173:2884:1803_1920x0_80_0_0_ae942f01bbef3f264a4028c7f946b316.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Довит Бобоён, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ хитоб ба Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон гуфт: Боку бояд аз дархости сарзаминҳои таҳти контроли ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ парҳез кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши Арман радио.Бобоён бо ишора ба изҳороти Илҳом Алиев таъкид кард, албатта парвандаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳистонӣ баста шудааст бо ин шароит, ки ин ҷумҳурӣ ҳаргиз наметавонад бахше аз Озарбойҷон бошад.Пеш аз ин Довит Бобоён эълом карда буд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд аз манотиқи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ боздид кунанд, ибтидо бояд аз вазорати умури хориҷаи ин ҷумҳурӣ муҷавиз бигиранд.Ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, ки аз суи аромана ба ҷумҳурии Ортсох шинохта мешавад, танҳо аз сӯи се кишвари ғайри узви Созмони милал ба унвони кишвари мутақил ба расмият шинохта шудааст.Дар айни ҳол бар асоси тавофқномаи сулҳ, ки бо мушорикати Русия барои поёни ҷанг ва хунрезӣ бар сари Қарабоғ имзо шуд, сарони Боку ва Ереван тавофуқ карданд, то манотиқи ишғолшудаи қаблӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шавад.
https://sputnik.tj/20210225/shikast-Qarabog-Pashinyan-artish-islohot-1032886411.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/02/1032009972_0:82:2884:1894_1920x0_80_0_0_7b0c42f6de4f6bc1c6b42cb12f7c29cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, арманистон, истиқлол, озарбойҷон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, арманистон, истиқлол, озарбойҷон
Мақомдори ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ иддаои истиқлол кард
16:00 03.03.2021 (Навсозишуда: 16:16 03.03.2021) Дар ҳоле, ки пеш аз ин раисиҷумҳурии Озарбойҷон эълом карда буд, ки парвандаи ҷумҳурии худхонда баста шудааст, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, истиқлоли ин минтақаро мавзеи қатъӣ ва тамомшуда донист
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Довит Бобоён, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ хитоб ба Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон гуфт: Боку бояд аз дархости сарзаминҳои таҳти контроли ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ парҳез кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши Арман радио.
Бобоён бо ишора ба изҳороти Илҳом Алиев таъкид кард, албатта парвандаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳистонӣ баста шудааст бо ин шароит, ки ин ҷумҳурӣ ҳаргиз наметавонад бахше аз Озарбойҷон бошад.
Пеш аз ин Довит Бобоён эълом карда буд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд аз манотиқи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ боздид кунанд, ибтидо бояд аз вазорати умури хориҷаи ин ҷумҳурӣ муҷавиз бигиранд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, ки аз суи аромана ба ҷумҳурии Ортсох шинохта мешавад, танҳо аз сӯи се кишвари ғайри узви Созмони милал ба унвони кишвари мутақил ба расмият шинохта шудааст.
Дар айни ҳол бар асоси тавофқномаи сулҳ, ки бо мушорикати Русия барои поёни ҷанг ва хунрезӣ бар сари Қарабоғ имзо шуд, сарони Боку ва Ереван тавофуқ карданд, то манотиқи ишғолшудаи қаблӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шавад.