https://sputnik.tj/20210225/shikast-Qarabog-Pashinyan-artish-islohot-1032886411.html
Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад
Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки артиши кишвараш ба ислоҳот ниёз дорад ва Русия дар ин кор ба онҳо кӯмак хоҳад кард 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T13:50+0500
2021-02-25T13:50+0500
2021-04-12T14:25+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
арманистон
никол пашинян
ислоҳот
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032885696_0:0:3173:1785_1920x0_80_0_0_64085ff244b2d373689b3b65cce42891.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат, сарвазири Арманистон эълом дошт, ки дар кишвар раванди навсозии нерӯҳои мусаллаҳ оғоз шудааст.Пашинян аз имзои санаде дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ бо раҳбарии вазири дифоъ барои таҳияи ҷадвали харитаи роҳ барои ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод.Сарвазири Арманистон инчунин илова кард, ки ин кишвар ният дорад дар соҳаи низомӣ бо Русия ҳамкории зич дошта бошад."Дар ин раванд мо ният дорем бо шарики рақами яки худ дар соҳаи амният - Федератсияи Русия ҳамкории наздиктар ба роҳ монем",- гуфт Пашинян.Пашинян аз ҷанг дар Қаробоғ ва натиҷаҳои он - видеоСиёсатмадор изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории Арманистон ва Русия дар соҳаҳои амният, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муассиртар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20201116/Pashinyan-khudro-javobgar-baroi-qarabog-khondu-guft-peshi-dodgohi-mardum-boyad-muhokima-shavad-1032279653.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032885696_442:0:3173:2048_1920x0_80_0_0_074aebb8bce8c95280ad7c0a2f4d9c92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, арманистон, никол пашинян, ислоҳот, артиш
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, арманистон, никол пашинян, ислоҳот, артиш
Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад
13:50 25.02.2021 (Навсозишуда: 14:25 12.04.2021) Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки артиши кишвараш ба ислоҳот ниёз дорад ва Русия дар ин кор ба онҳо кӯмак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат, сарвазири Арманистон эълом дошт, ки дар кишвар раванди навсозии нерӯҳои мусаллаҳ оғоз шудааст.
Пашинян аз имзои санаде дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ бо раҳбарии вазири дифоъ барои таҳияи ҷадвали харитаи роҳ барои ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод.
Сарвазири Арманистон инчунин илова кард, ки ин кишвар ният дорад дар соҳаи низомӣ бо Русия ҳамкории зич дошта бошад.
"Дар ин раванд мо ният дорем бо шарики рақами яки худ дар соҳаи амният - Федератсияи Русия ҳамкории наздиктар ба роҳ монем",- гуфт Пашинян.
Сиёсатмадор изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории Арманистон ва Русия дар соҳаҳои амният, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муассиртар хоҳад шуд.