https://sputnik.tj/20210215/parvoz-tojikiston-rusiya-1032825872.html
Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст
Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст
Sputnik Тоҷикистон
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром мегӯяд, Тоҷикистон хело пештар қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад 15.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-15T11:04+0500
2021-02-15T11:04+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
дар русия
парвоз
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031911001_0:64:1600:964_1920x0_80_0_0_a00283ccb8799de317739a8e344f340e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Субҳонзода Икром, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки кай парвозҳои муқаррарӣ бо Русия барқарор мешаванд, посух гуфт.Ӯ изҳор дошт, ки ҳанӯз аз моҳҳои июн Тоҷикистон қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад."Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст.Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии фидералии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст."Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем", - мегӯяд Субҳонзода.Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳоБа қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст."Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст", - таъкид кард ӯ.Икром Субҳонзода афзуд, ки Русия бо Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон ва Арманистон парвозҳоро барқарор кардааст ва умед аст, ки кишвари минбаъд Тоҷикистон мегардад.
https://sputnik.tj/20210211/Vazir-guft-Rusiya-baroi-az-sar-giriftani-parvozo-ch-shart-guzoshtaast-1032811714.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031911001_179:0:1600:1066_1920x0_80_0_0_2981deeca50f33a306f290e60e52f002.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, дар русия, парвоз
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, дар русия, парвоз
Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст
11:04 15.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром мегӯяд, Тоҷикистон хело пештар қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Субҳонзода Икром, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки кай парвозҳои муқаррарӣ бо Русия барқарор мешаванд, посух гуфт.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳанӯз аз моҳҳои июн Тоҷикистон қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад.
"Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст.
"Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо коронавируси Тоҷикистон хело барвақт қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад, ҳанӯз аз моҳи июн омода ҳастем", - таъкид кард вай.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии фидералии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст.
"Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем", - мегӯяд Субҳонзода.
Ба қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст.
"Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст", - таъкид кард ӯ.
Икром Субҳонзода афзуд, ки Русия бо Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон ва Арманистон парвозҳоро барқарор кардааст ва умед аст, ки кишвари минбаъд Тоҷикистон мегардад.