https://sputnik.tj/20210302/Tajikistan-Afghanistan-tasis-terminali-logistiki-Panj--1032926144.html
Тоҷикистон ба Афғонистон таъсиси терминали логистикӣ дар Панҷро пешниҳод кард
Тоҷикистон ба Афғонистон таъсиси терминали логистикӣ дар Панҷро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Афғонистон дар бораи таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ пешниҳод... 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T17:20+0500
2021-03-02T17:20+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
терминал
панҷ
таъсис
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032926079_0:33:1000:599_1920x0_80_0_0_16e17ddcb5ab111a37ffdb71c877a957.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Имрӯз мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим сурат гирифт. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва саводои Тоҷикистон дар доираи мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар гуфтанд.Ҳамзамон иттилоъ додаа шудааст, ки мусоҳибон дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тазаккур доданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад."Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд", - зикр кардааст манбаъ.Дар навбати худ, ҷониби Афғонистон омодагии худро барои беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.
https://sputnik.tj/20210302/Zokirzoda-guft-Afoniston-baroi-Toikiston-ch-aamiyat-dorad-1032922777.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032926079_24:0:1000:614_1920x0_80_0_0_a75e62669a31199ffbad0ff64ae9bb8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, терминал, панҷ, таъсис, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, терминал, панҷ, таъсис, афғонистон
Тоҷикистон ба Афғонистон таъсиси терминали логистикӣ дар Панҷро пешниҳод кард
17:20 02.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Тоҷикистон ба Афғонистон дар бораи таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Имрӯз мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим сурат гирифт.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва саводои Тоҷикистон дар доираи мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар гуфтанд.
Ҳамзамон иттилоъ додаа шудааст, ки мусоҳибон дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тазаккур доданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
"Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд", - зикр кардааст манбаъ.
Дар навбати худ, ҷониби Афғонистон омодагии худро барои беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.