ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 532 иншоот, аз ҷумла 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Хатлон қайд кардааст, ки айни ҳол дар вилоят бунёди маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кат ва маркази саломатӣ бо 300 ҷой дар ноҳияи Қубодиён, беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, маркази табобати бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дорад.
Инчунин, сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар деҳоти вилоят вусъати тоза касб намудааст.
Ҳадаф аз бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ баланд бардоштани хизматрасонии босифати тиббӣ гуфта мешавад.