https://sputnik.tj/20210301/Pashinyan-Iskandar-malumot-nodurust-1032912340.html
Пашинян гуфт, ки дар бораи "Искандар" ба ӯ маълумоти нодуруст додаанд
Пашинян гуфт, ки дар бораи "Искандар" ба ӯ маълумоти нодуруст додаанд
Sputnik Тоҷикистон
Никол Пашинян, изҳороташ дар бораи бесамарии ҷангии силоҳҳои Русия аз ҷумла "Искандар" тағйир дод 01.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-01T16:12+0500
2021-03-01T16:12+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
арманистон
никол пашинян
муносибот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032891570_0:23:3079:1754_1920x0_80_0_0_af5a5ef27f3e0529d60c65ac2e30fc9a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян пас аз сӯҳбат бо Владимир Путин ба хулосае омад, ки ба ӯ дар бораи вазъи системаҳои мушакии Русия, ки ба ҷумҳурӣ интиқол дода шудаанд, маълумоти нодуруст додаанд.Дар ин бора Sputnik Арманистон бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуоти ҳукумат Мане Геворгян хабар додааст."Гузашта аз ин, изҳороти сарвазир ба мундариҷа ва сифати муносибатҳои иттифоқии Арманистон ва Русия дар соҳаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-саноатӣ ҳеҷ иртибот надорад. Шубҳае нест, ки силоҳи Русия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст",- омадааст дар варақаи иттилоотӣ.Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видеоБа гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, изҳороти Пашинян дар ин масъала "ҳақиқатро барқарор кард".Бӯҳрони сиёсӣ дар АрманистонПас аз изҳороти сарвазири Арманистон дар бораи мушаки "Искандар"-и Русия дар Ереван иқдомҳои муназзами эътирозӣ баргузор шуданд.Вай изҳор дошт, ки таҷҳизот ҳангоми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз кор мондаанд.Тибқи иттилои расонаҳо, муовини сардори Ситоди Генералии Арманистон сарвазирро масхара кардааст, ки Пашинян барои он ӯро аз кор озод карданӣ шуд.Вай инчунин фармонро дар бораи истеъфои раиси Ситоди Генералӣ Оник Гаспарян омода кард, аммо президент Армен Саркиссян аз имзо даст кашид.Сарвазир ба маъмурияти президент муроҷиати дуввум фиристод. Фраксияи ҳукмрони парлумонии "Қадами ман" Саркисянро бо импичмент таҳдид кард. Шӯрои Амният бошад ба президент тавсия додааст, ки Гаспарянро аз вазифа сабукдӯш кунад.Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, дар посух, рафтани худи Пашинянро талаб карданд. Сарвазир инро ҳамчун кӯшиши табаддулот дониста, тарафдоронашро ба кӯчаҳо даъват кард.Пашинян мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарки Арманистонро намекунадДар ҳамин ҳол, мухолифин дар наздикии парлумон хайма зада, хостори гуфтугӯ нестанд ва истеъфои сарвазирро талаб мекунанд.
https://sputnik.tj/20210226/rusiya-pashinyan-siloh-armaniston-1032897743.html
https://sputnik.tj/20210225/Pashinyan-sharti-istefoashro-guft-1032891488.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032891570_38:0:2769:2048_1920x0_80_0_0_7635e85fee43c314f27dc5cedd37e8dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, арманистон, никол пашинян, муносибот, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, арманистон, никол пашинян, муносибот, дар русия
Пашинян гуфт, ки дар бораи "Искандар" ба ӯ маълумоти нодуруст додаанд
16:12 01.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Никол Пашинян, изҳороташ дар бораи бесамарии ҷангии силоҳҳои Русия аз ҷумла "Искандар" тағйир дод
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян пас аз сӯҳбат бо Владимир Путин ба хулосае омад, ки ба ӯ дар бораи вазъи системаҳои мушакии Русия, ки ба ҷумҳурӣ интиқол дода шудаанд, маълумоти нодуруст додаанд.
Дар ин бора Sputnik Арманистон бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуоти ҳукумат Мане Геворгян хабар додааст.
"Гузашта аз ин, изҳороти сарвазир ба мундариҷа ва сифати муносибатҳои иттифоқии Арманистон ва Русия дар соҳаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-саноатӣ ҳеҷ иртибот надорад. Шубҳае нест, ки силоҳи Русия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст",- омадааст дар варақаи иттилоотӣ.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, изҳороти Пашинян дар ин масъала "ҳақиқатро барқарор кард".
Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон
Пас аз изҳороти сарвазири Арманистон дар бораи мушаки "Искандар"-и Русия дар Ереван иқдомҳои муназзами эътирозӣ баргузор шуданд.
Вай изҳор дошт, ки таҷҳизот ҳангоми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз кор мондаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, муовини сардори Ситоди Генералии Арманистон сарвазирро масхара кардааст, ки Пашинян барои он ӯро аз кор озод карданӣ шуд.
Вай инчунин фармонро дар бораи истеъфои раиси Ситоди Генералӣ Оник Гаспарян омода кард, аммо президент Армен Саркиссян аз имзо даст кашид.
Сарвазир ба маъмурияти президент муроҷиати дуввум фиристод. Фраксияи ҳукмрони парлумонии "Қадами ман" Саркисянро бо импичмент таҳдид кард. Шӯрои Амният бошад ба президент тавсия додааст, ки Гаспарянро аз вазифа сабукдӯш кунад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, дар посух, рафтани худи Пашинянро талаб карданд. Сарвазир инро ҳамчун кӯшиши табаддулот дониста, тарафдоронашро ба кӯчаҳо даъват кард.
Дар ҳамин ҳол, мухолифин дар наздикии парлумон хайма зада, хостори гуфтугӯ нестанд ва истеъфои сарвазирро талаб мекунанд.