https://sputnik.tj/20210225/Pashinyan-sharti-istefoashro-guft-1032891488.html
Пашинян шарти истеъфоашро гуфт
Пашинян шарти истеъфоашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гирдиҳамоии тарафдоронаш шарти истеъфоаш аз мақоми сарвазириро эълом кард 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T20:20+0500
2021-02-25T20:20+0500
2021-02-25T19:48+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
арманистон
никол пашинян
истеъфо
гирдиҳамоӣ
мақом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032890512_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_81efcdd5cc89a670fa464d082f156b5c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон имрӯз дар як гирдиҳамоӣ ҷонибдоронаш, шартҳои ба истеъфо рафтанашро гуфт.Вай эълон кард, ки мавзӯи интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дигар матраҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Пашинян, худи мардум бояд тақдири ӯро ҳал намоянд.Ҳамзамон Пашинян рақибонашро бо боздошт таҳдид кард.Дар ҳамин ҳол, мухолифин ба назди бинои Маҷлиси Миллӣ омада, дар назди бинои парлумон хаймаҳои худро ҷой карданд.Вазорати дифои Арманистон изҳор дошт, ки дахолати артиш ба сиёсат ғайри қобили қабул аст, зеро он ба субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.Бояд гуфт, ки теъдоде аз кормандони полис - ҳозира ва собиқ - ба талаби истеъфои Пашинян ҳамроҳ шуданд.Дар Арманистон мунтазам гирдиҳамоиҳо баргузор мешаванд, ки дар он истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд. Мардум аз моҳи ноябри соли 2020 ба кӯчаҳои пойтахт мебароянд.Сокинони кишвар аз натиҷаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва шартҳои созишномаи баимзорасида бо Озарбойҷон ва Русия норозӣ ҳастанд.Пашинян борҳо хабарҳои истеъфоашро аз мақоми сарвазири Арманистон рад кард. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки акнун дар назди ӯ вазифаи таъмини субот ва амнияти кишвар истодааст.Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард. Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад: ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд.
https://sputnik.tj/20210225/Pashinyan-tark-armaniston-1032889731.html
https://sputnik.tj/20210225/Zhirinovskiy-Pashinyan-sabab-shikast-Armaniston-video-1032891191.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032890512_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d1fccb484327bd76aadefbf9eea2af64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, арманистон, никол пашинян, истеъфо, гирдиҳамоӣ, мақом
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, арманистон, никол пашинян, истеъфо, гирдиҳамоӣ, мақом
Пашинян шарти истеъфоашро гуфт
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гирдиҳамоии тарафдоронаш шарти истеъфоаш аз мақоми сарвазириро эълом кард
ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон имрӯз дар як гирдиҳамоӣ ҷонибдоронаш, шартҳои ба истеъфо рафтанашро гуфт.
Вай эълон кард, ки мавзӯи интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дигар матраҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Пашинян, худи мардум бояд тақдири ӯро ҳал намоянд.
"Бигзор мардум истеъфои манро талаб намояд, бигзор маро дар майдон парронанд", - танҳо дар ҳимин сурат сарвазир розӣ шуд, ки аз мақомаш барканор шавад.
Ҳамзамон Пашинян рақибонашро бо боздошт таҳдид кард.
Дар ҳамин ҳол, мухолифин ба назди бинои Маҷлиси Миллӣ омада, дар назди бинои парлумон хаймаҳои худро ҷой карданд.
Вазорати дифои Арманистон изҳор дошт, ки дахолати артиш ба сиёсат ғайри қобили қабул аст, зеро он ба субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ки теъдоде аз кормандони полис - ҳозира ва собиқ - ба талаби истеъфои Пашинян ҳамроҳ шуданд.
Дар Арманистон мунтазам гирдиҳамоиҳо баргузор мешаванд, ки дар он истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд. Мардум аз моҳи ноябри соли 2020 ба кӯчаҳои пойтахт мебароянд.
Сокинони кишвар аз натиҷаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва шартҳои созишномаи баимзорасида бо Озарбойҷон ва Русия норозӣ ҳастанд.
Пашинян борҳо хабарҳои истеъфоашро аз мақоми сарвазири Арманистон рад кард. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки акнун дар назди ӯ вазифаи таъмини субот ва амнияти кишвар истодааст.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.
Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.
Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.
Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.
Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад: ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд.