https://sputnik.tj/20210301/Nikolya-Sarkoz-habs-1032915327.html
Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд
Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд 01.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-01T18:32+0500
2021-03-01T18:32+0500
2021-03-01T19:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
фаронса
николя саркози
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032915006_0:0:3072:1736_1920x0_80_0_0_29971f3f0f27a55acfeb4e046c368bcf.jpg
ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кардАммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.
https://sputnik.tj/20201210/Otamboevro-ozod-nakardand-balki-ba-SIZO-bargardondand-1032430969.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032915006_0:0:3072:1930_1920x0_80_0_0_a634584bbc1bfe460710470c7e45c941.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, фаронса, николя саркози
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, фаронса, николя саркози
Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд
18:32 01.03.2021 (Навсозишуда: 19:38 01.03.2021) Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд
ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.
Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт.
Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.
Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.
Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.
Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.
Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".
Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.
Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.
Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.
Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.