Отамбоевро озод накарданд, балки ба СИЗО баргардонданд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкРабочий визит В.Путина в Астану для участия в заседании ВЕЭС
Рабочий визит В.Путина в Астану для участия в заседании ВЕЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони мудофеи Отамбоев бар ин бовар буданд, ки собиқ кишвардорро ба ҳабси хонагӣ мефиристанд, вале ӯро дубора ба СИЗО интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Первомайскийи Бишкек қарорашро дар мавриди ҳабси Алмосбек Отамбоев собиқ президенти Қирғизистон бетағйир гузошт ва ӯро равонаи СИЗО кард.

Не буду извиняться и кланяться в ножки — Атамбаев о ситуации на границе - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: Додгоҳ ҳукми Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистонро эълон кард

Ҳарчанд вакилони ӯ бар ин бовар буданд, ки Отамбоев акнун ба ҳабси хонагӣ гирифта мешавад.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон аз қавли Замир Жоошев вакили Отамбоев хабар дод.

Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Ба гуфтаи  ӯ, рӯзи 7 декабр додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки Отамбоев аз колонияи рақами 47, ки дар онҷо муолиҷа мегирифт, ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ интиқол дода шавад.

Ҳоло вакилони ӯ қасд доранд, аз болои ин қарор шикоят баранд.

"Алмосбек Отамбоев аз 30 ноябр то 7 декабр ғайриқонунӣ боздошт шуд, зеро Додгоҳи олӣ чораи пешгирӣ муайян накард. Ҳоло додгоҳ тасмим гирифт, ки ӯро дар ҳабс нигоҳ дорад, гарчанде  айбдоркунанда инро дархост накардааст", - изҳор дошт  Жоошев.

Вакили мудофеи Отамбоев мегӯяд, вазъи саломатии сиёсатмадор бадтар мешавад. Зеро табибони колония низ пас аз ташхис намудани ӯ изҳор доштанд, ки сибиқ кишвардор ба чурраи сутунмӯҳра, бронхити музмин, ки метавонад илтиҳоби шушро барангезад, гирифтор аст.

Аҳволи Отамбоев дар мурофиаи судӣ бад шуд

Қаблан Додгоҳи шаҳри Бишкек  Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ моҳи августи соли гузашта пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир карда шуд.

Дар паи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод карданд, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.

Лентаи хабарҳо
0