https://sputnik.tj/20210301/Muloqot-Rahmon-Mir-Rahmon-Ramoni-1032910787.html
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ: аз сулҳу амният то марзу тиҷорат
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ: аз сулҳу амният то марзу тиҷорат
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, ки бо сафари... 01.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-01T14:45+0500
2021-03-01T14:45+0500
2021-03-01T17:02+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032910655_0:85:2007:1219_1920x0_80_0_0_c079759b1e9c342570ecda33e0e7da5e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд, афзудааст манбаъ.Эмомалӣ Раҳмон, зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштааст.Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.Дар мулоқот ҳамзамон вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шудааст.Аз мулоқот бо Ғанӣ то Абдуллоҳу Амруллоҳ Солеҳ: чаро Ятимов ба Кобул рафт?Ёдовар мешавем, сафари ҳайатҳои баланди ҳамсоякишвар дар доираи омодагиҳо ба конфронси "Қалби Осиё - Раванди Истамбул", ки зери роҳбарии Душанбею Кобул доир мешавад, сурат мегирад ва дар назар аст, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ни сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
https://sputnik.tj/20210227/aghbar-safir-tojikiston-afghoniston-1032901034.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032910655_0:21:2007:1283_1920x0_80_0_0_258ca47d2a7d7a052f0997f7b9ffc14d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ: аз сулҳу амният то марзу тиҷорат
14:45 01.03.2021 (Навсозишуда: 17:02 01.03.2021) Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд, афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон, зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштааст.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шудааст.
Ёдовар мешавем, сафари ҳайатҳои баланди ҳамсоякишвар дар доираи омодагиҳо ба конфронси "Қалби Осиё - Раванди Истамбул", ки зери роҳбарии Душанбею Кобул доир мешавад, сурат мегирад ва дар назар аст, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ни сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.