https://sputnik.tj/20210227/aghbar-safir-tojikiston-afghoniston-1032901034.html
Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон
Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, дар рафти ин сафар чанд мушкилоте ки дар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон мавҷуд аст, баррасӣ ва ҳал шаванд 27.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-27T15:08+0500
2021-02-27T15:08+0500
2021-04-19T16:54+0500
сиёсат
ҳамаи хабарҳо
сафир
афғонистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503520_0:151:2893:1778_1920x0_80_0_0_e5b82bbb049f406101f5ff39dbc499a8.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистонро бо роҳбарии раиси он Мирраҳмон Раҳмонӣ тавзеҳ дод.Бино бар иттилои ҷаноби Ағбар, интизор меравад ҳамин рӯз ҳайъати 34-нафараи парлумони кишвар вориди Тоҷикистон шаванд."Ин ҳайъат аз раиси парлумон ва аъзои комисияҳои мухталифи парлумон иборат аст", - таъкид кард сафир.Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин сафар мулоқотҳои гуногунҷанбаи мақомоти Тоҷикистон бо ин ҳайъат дар назар аст."Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо боиси густариши равобити иқтисодӣ мешавад", -гуфт вай ва таъкид кард, ки дар натиҷа чанд мушкилоте ки садди роҳи ин ҳамкориҳо гаштаанд, ҳал хоҳанд шуд.Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар тавзеҳ дод, ки мушкилоти мазкур дар қонунгузорӣ мавҷуд аст."Умедворам, ки дар қавонун як қатор мушкилоте ки мавҷуд аст, ҳал мекунем, то сармоягузориҳои хубе дар Тоҷикистон суръат бигирад", - таъкид кард сафир.Ба гуфтаи Ағбар, феълан Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи иқтисодиву тиҷорӣ бештар аз 7 тавофуқномаву қарордод имзо кардааст.Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар КобулВай афзуд, ки феълан сарҳади ҳарду кишвар ҳам барои интиқоли коло ва ба рӯйи тоҷирон боз аст.
https://sputnik.tj/20210227/Prezidenti-Mirrahmon-Rahmon-muloqot-1032900246.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503520_161:0:2733:1929_1920x0_80_0_0_fc00620ccfea03ff92f46658781c8ff8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , ҳамаи хабарҳо, сафир, афғонистон, дар тоҷикистон
сиёсат , ҳамаи хабарҳо, сафир, афғонистон, дар тоҷикистон
Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон
15:08 27.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Интизор меравад, дар рафти ин сафар чанд мушкилоте ки дар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон мавҷуд аст, баррасӣ ва ҳал шаванд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистонро бо роҳбарии раиси он Мирраҳмон Раҳмонӣ тавзеҳ дод.
Бино бар иттилои ҷаноби Ағбар, интизор меравад ҳамин рӯз ҳайъати 34-нафараи парлумони кишвар вориди Тоҷикистон шаванд.
"Ин ҳайъат аз раиси парлумон ва аъзои комисияҳои мухталифи парлумон иборат аст", - таъкид кард сафир.
Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин сафар мулоқотҳои гуногунҷанбаи мақомоти Тоҷикистон бо ин ҳайъат дар назар аст.
"Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо боиси густариши равобити иқтисодӣ мешавад", -гуфт вай ва таъкид кард, ки дар натиҷа чанд мушкилоте ки садди роҳи ин ҳамкориҳо гаштаанд, ҳал хоҳанд шуд.
Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар тавзеҳ дод, ки мушкилоти мазкур дар қонунгузорӣ мавҷуд аст.
"Умедворам, ки дар қавонун як қатор мушкилоте ки мавҷуд аст, ҳал мекунем, то сармоягузориҳои хубе дар Тоҷикистон суръат бигирад", - таъкид кард сафир.
Ба гуфтаи Ағбар, феълан Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи иқтисодиву тиҷорӣ бештар аз 7 тавофуқномаву қарордод имзо кардааст.
Вай афзуд, ки феълан сарҳади ҳарду кишвар ҳам барои интиқоли коло ва ба рӯйи тоҷирон боз аст.