Душанбе ҳадафи сафари Ғанӣ ба Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Обуна шудан
Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, охири моҳи равон ба Тоҷикистон меояд ва ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалӣ ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафари қарибулвуқӯи Ашраф Ғаниро ба Душанбе тасдиқ кард. Интизор меравад, Ғанӣ дар Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки дар таърихи 29-30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок намояд.
Дворец Кохи Навруз зимой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад
Тоҷикистон дар ин раванд дар баробари Афғонистон мақоми ҳамраисиро дорад ва интизор меравад дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии минтақа ду раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ низ иштирок кунанд.
“Қалби Осиё-Раванди Истанбул” – ташаббуси мунтақавии Афғонистон ва Туркия мебошад, ки соли 2011 заминагузорӣ шуд. Ҳадафи ин ташаббус фароҳамсозии майдон барои муколамаи сиёсӣ ва мусоидат барои таъмини амният дар Афғонистон ва тамоми минтақа арзёбӣ мешавад.
Иштирокдорони “Раванди Истанбул” Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ва АМА мебошанд.
Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси парлумони Афғонистон, ки дар раъси як ҳайати баландпоя дар Душанбе қарор дорад, аз сафари қарибулвуқӯи Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0