https://sputnik.tj/20210228/rais-parlumon-kokhi-navruz-tamosho-1032905559.html
Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад
Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад
Sputnik Тоҷикистон
Мирраҳмон Раҳмонӣ бо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот низ хоҳад кард 28.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-28T12:00+0500
2021-02-28T12:00+0500
2021-02-28T12:10+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538253_2:0:2916:1639_1920x0_80_0_0_a0623425b59fd6c5bb7a07bfc9a2a5ff.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Раиси пралумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмон ба тамошои чанд мавзеи зебои Тоҷикистон меравад, гузориш медиҳад вебгоҳи Маҷлиси намояндагон.Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, шоми дирӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парлумон) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ вориди Тоҷикистон шуд.Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд. Раиси парлумони Афғонистон дар доираи сафари корӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунадИнтизор меравад, Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ аз "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва "Кохи Наврӯз" дидан намоянд.
https://sputnik.tj/20210227/aghbar-safir-tojikiston-afghoniston-1032901034.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538253_366:0:2551:1639_1920x0_80_0_0_44af69d5c9152f37f9ea1241b61dafb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад
12:00 28.02.2021 (Навсозишуда: 12:10 28.02.2021) Мирраҳмон Раҳмонӣ бо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот низ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Раиси пралумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмон ба тамошои чанд мавзеи зебои Тоҷикистон меравад, гузориш медиҳад вебгоҳи Маҷлиси намояндагон.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, шоми дирӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парлумон) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд.
Раиси парлумони Афғонистон дар доираи сафари корӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Интизор меравад, Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ аз "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва "Кохи Наврӯз" дидан намоянд.