https://sputnik.tj/20210227/shahrinav-darakht-dudmoni-1032900421.html
Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд
Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд низ деҳқонон бо ин роҳ кӯшиш намуданд, ки ҳосилро аз сармозанӣ нигоҳ доранд 27.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-27T12:24+0500
2021-02-27T12:24+0500
2021-02-27T12:31+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893999_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_6f4968cf4363a2a48e52afd1db90d3c6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд.Бо омадани ҳавои сард ва аз талаф нигоҳ доштани ҳосили дарахтони гулкунанда дар хоҷагиҳои боғпарварии "Зарнисори Шаҳринав", "ИИАС – Шаҳринав" ва хоҷагии "Ниҳолпарварӣ"-и ноҳияи Шаҳринав ғарамҳои пахол ва каҳро оташ зада, ба воситаи гармии он ҳосили боғҳоро эмин нигоҳ медоранд.Кишоварзони ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа дар зери дарахтони олу, зардолу, шафтолу ва токзор корҳои дудмониро ба роҳ мондаад.Бо супориши роҳбарияти ноҳия доир ба сардиҳои охири моҳ, ки истифодаи дудмонӣ барои дарахтони пешпазак ҳамчун воситаи пешгирии талафи ҳосил ва гулу муғчаҳо ба маврид аст, имрӯзҳо дар ҳамаи боғҳои ноҳия аз ин усул истифода намуда истодаанд.Пештар дар Суғд низ бо ҳамин роҳ кӯшиш карда буданд, ки ҳосилро аз талафот нигоҳ доранд. Имсол охирҳои моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво якбора гарм ва то 27 дараҷа шуд, ки дар натиҷа дарахтон гул карданд. Аммо чанде пеш обуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳавои кишвар якбора сард мешавад.Пештар директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров гуфта буд, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор бетаъсир намемонад.Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.Боз хунукӣ меояд: КҲФ аз боронгариҳо ва резиши барф ҳушдор медиҳад Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд. Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. Бино ба гуфтаи донишманд дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф зиён намебинанд.Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонадҲикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.
https://sputnik.tj/20210226/Ahmadzoda-najot-darakhtoni-gul-1032894045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893999_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f11a6d16e5336230af87dc66ecc017c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд
12:24 27.02.2021 (Навсозишуда: 12:31 27.02.2021) Дар Суғд низ деҳқонон бо ин роҳ кӯшиш намуданд, ки ҳосилро аз сармозанӣ нигоҳ доранд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд.
Бо омадани ҳавои сард ва аз талаф нигоҳ доштани ҳосили дарахтони гулкунанда дар хоҷагиҳои боғпарварии "Зарнисори Шаҳринав", "ИИАС – Шаҳринав" ва хоҷагии "Ниҳолпарварӣ"-и ноҳияи Шаҳринав ғарамҳои пахол ва каҳро оташ зада, ба воситаи гармии он ҳосили боғҳоро эмин нигоҳ медоранд.
Кишоварзони ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа дар зери дарахтони олу, зардолу, шафтолу ва токзор корҳои дудмониро ба роҳ мондаад.
Бо супориши роҳбарияти ноҳия доир ба сардиҳои охири моҳ, ки истифодаи дудмонӣ барои дарахтони пешпазак ҳамчун воситаи пешгирии талафи ҳосил ва гулу муғчаҳо ба маврид аст, имрӯзҳо дар ҳамаи боғҳои ноҳия аз ин усул истифода намуда истодаанд.
Пештар дар Суғд низ бо ҳамин роҳ кӯшиш карда буданд, ки ҳосилро аз талафот нигоҳ доранд. Имсол охирҳои моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво якбора гарм ва то 27 дараҷа шуд, ки дар натиҷа дарахтон гул карданд. Аммо чанде пеш обуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳавои кишвар якбора сард мешавад.
Пештар директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров гуфта буд, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор бетаъсир намемонад.
Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.
Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.
“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.
Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.
“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров.
Бино ба гуфтаи донишманд дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.
Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф зиён намебинанд.
Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.
“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.