https://sputnik.tj/20210226/Ahmadzoda-najot-darakhtoni-gul-1032894045.html
Аҳмадзода низ ба наҷоти дарахтони ғарқи гул рафт: таъсис гуруҳи корӣ барои дудмонӣ
Аҳмадзода низ ба наҷоти дарахтони ғарқи гул рафт: таъсис гуруҳи корӣ барои дудмонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи сардиву барфрезӣ дар вилояти Суғд, бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гуруҳи корӣ таъсис ёфт 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T12:54+0500
2021-02-26T12:54+0500
2021-02-26T17:44+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
суғд
сармо
дарахтон
гул
гуруҳи корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893899_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_b6d3143de80c90312e9e10bf5bb2f497.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раҳбари вилоят, ҳоло бо ширкати ин гуруҳи корӣ барои наҷоти дарахтони ғарқи гул дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст.Ҷараёни дудмонии дарахтон дар боғҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил ва “Боғи миллии Ваҳдат” –ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раҷаббой Аҳмадзода шахсан назорат кардааст.“Тавре мушоҳида гардид, бо тавсияи мутахассисон ҷиҳати пешгирии таъсири сардӣ дар боғот корҳои дудмонӣ ба роҳ монда шуда, барои эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодааст”,-афзудааст манбаъ.Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон дар боғот дудмониро ба роҳ монанд.Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал боиси бедор шудани табиат ва муғчабандии дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардид.Аммо дар чанд рӯзи охир ҳарорати ҳаво дубора паст шуд ва эҳтимоли зиён дидани дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд омад.Вилояти Суғди Тоҷикистон аз минтақаҳои асосии кишвар аст, ки меваҷот истеҳсол ва ба хориҷ содир мекунад. Соли гузашта низ дар пайи сардиву боришоти бемаҳал қисме аз ҳосилро сармо зада буд.
https://sputnik.tj/20210225/Korshinosi-tojik-guft-sarmo-hosil-zarar--1032891823.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893899_70:0:1207:853_1920x0_80_0_0_fccf39c709d8cad433e96345b6ea8592.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, суғд, сармо, дарахтон, гул, гуруҳи корӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, суғд, сармо, дарахтон, гул, гуруҳи корӣ
Аҳмадзода низ ба наҷоти дарахтони ғарқи гул рафт: таъсис гуруҳи корӣ барои дудмонӣ
12:54 26.02.2021 (Навсозишуда: 17:44 26.02.2021) Дар пайи сардиву барфрезӣ дар вилояти Суғд, бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гуруҳи корӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раҳбари вилоят, ҳоло бо ширкати ин гуруҳи корӣ барои наҷоти дарахтони ғарқи гул дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст.
Ҷараёни дудмонии дарахтон дар боғҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил ва “Боғи миллии Ваҳдат” –ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раҷаббой Аҳмадзода шахсан назорат кардааст.
“Тавре мушоҳида гардид, бо тавсияи мутахассисон ҷиҳати пешгирии таъсири сардӣ дар боғот корҳои дудмонӣ ба роҳ монда шуда, барои эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодааст”,-афзудааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон дар боғот дудмониро ба роҳ монанд.
Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал боиси бедор шудани табиат ва муғчабандии дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардид.
Аммо дар чанд рӯзи охир ҳарорати ҳаво дубора паст шуд ва эҳтимоли зиён дидани дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд омад.
Вилояти Суғди Тоҷикистон аз минтақаҳои асосии кишвар аст, ки меваҷот истеҳсол ва ба хориҷ содир мекунад. Соли гузашта низ дар пайи сардиву боришоти бемаҳал қисме аз ҳосилро сармо зада буд.