https://sputnik.tj/20210226/tojikiston-qarz-dollar-1032895161.html
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 339 доллар қарздор аст
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 339 доллар қарздор аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз се миллиард доллар боло рафта, феълан 43,8 дарсади ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T14:47+0500
2021-02-26T14:47+0500
2021-07-21T19:10+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
шаҳрванд
доллар
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032781559_0:101:1920:1181_1920x0_80_0_0_01d9821731740be167903cbe142b869a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷаро афзоиш дод. Чунончи, авалҳои соли 2021 ин нишондод 3,2 миллиард долларро ташкил медод.Мавриди қайд аст, ки ин 43,8 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ин қарз ба сари ҳар як сокини кишвар 339-долларӣ рост меояд.Дар ҳамин ҳол, барои рӯйпуш кардани қарзи хориҷӣ Тоҷикистон дар соли гузашта 190,2 миллион доллар ҷудо карда буд, ки аз он 124 миллионаш ба қарз ва 66,2 миллионаш фисади он равона карда шуда буд.Пештар маълумоте пайдо гардид, ки Тоҷикистон дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ дар арафаи рӯбарӯшавӣ бо дефолт қарор дорад. Аммо мақомот ин маълумотро такзиб карданд. Бино бар гуфтаи коршиноси рус Олег Багданов, Тоҷикистон метавонист барои кӯмак ба Русия муроҷиат кунад.Ба гуфтаи вай, кишварҳои бузурги шарик, дар қазияи афтидани яке аз иштирокдорони Иттиҳоде ба вазъи мушкил ҳавасманд нестанд, махсус дар вазъи дефолт, ин ба дигар иштирокдорони иттиҳод, масалан Иттиҳоди гумрукиро заиф мекунад.Пештар хабар дода шуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон бештар аз ду баробар аст маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшуда дар соли 2020 аст.Бино бар иттилои Вазорати молия, соли гузашта барои дастгирии буҷаи давлатӣ аз маъхазҳои молии байналмилалӣ 384,3 миллион доллар ҷалб шуда буд.Дар соли 2020 ба Тоҷикистон Бунёди байналмилалии асъор - 189,5 миллион доллар ва Бунёди рушд ва муътадилсозии Авруосиё 50 миллион доллар қарзи бефоиз доданд.Маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд низ ҷалб карда шуданд.Гузашти Чину гуфтушунид бо дигарон: муҳлати бештари Тоҷикистон барои баргардондани қарзТавре ки қаблан қайд карда шуд, Тоҷикистон дар назди "Эксимбонк" -и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд қарзҳои калон дорад.
https://sputnik.tj/20210219/arz-zid-shud-boz-arz-megirem-arzi-khoriii-Toikiston-ch-adar-ast-1032858959.html
https://sputnik.tj/20201229/Zarbai-nogahon-chi-guna-koronavirus-Tojikistonro-dar-karz-qutavar-kard-1032548145.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032781559_106:0:1814:1281_1920x0_80_0_0_11059ed12c1de0587019719ca2857d6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, шаҳрванд, доллар, қарздиҳӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, шаҳрванд, доллар, қарздиҳӣ
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 339 доллар қарздор аст
14:47 26.02.2021 (Навсозишуда: 19:10 21.07.2021) Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз се миллиард доллар боло рафта, феълан 43,8 дарсади ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷаро афзоиш дод. Чунончи, авалҳои соли 2021 ин нишондод 3,2 миллиард долларро ташкил медод.
Мавриди қайд аст, ки ин 43,8 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ин қарз ба сари ҳар як сокини кишвар 339-долларӣ рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, барои рӯйпуш кардани қарзи хориҷӣ Тоҷикистон дар соли гузашта 190,2 миллион доллар ҷудо карда буд, ки аз он 124 миллионаш ба қарз ва 66,2 миллионаш фисади он равона карда шуда буд.
Пештар маълумоте пайдо гардид, ки Тоҷикистон дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ дар арафаи рӯбарӯшавӣ бо дефолт қарор дорад. Аммо мақомот ин маълумотро такзиб карданд.
Бино бар гуфтаи коршиноси рус Олег Багданов, Тоҷикистон метавонист барои кӯмак ба Русия муроҷиат кунад.
Ба гуфтаи вай, кишварҳои бузурги шарик, дар қазияи афтидани яке аз иштирокдорони Иттиҳоде ба вазъи мушкил ҳавасманд нестанд, махсус дар вазъи дефолт, ин ба дигар иштирокдорони иттиҳод, масалан Иттиҳоди гумрукиро заиф мекунад.
Пештар хабар дода шуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон бештар аз ду баробар аст маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшуда дар соли 2020 аст.
Бино бар иттилои Вазорати молия, соли гузашта барои дастгирии буҷаи давлатӣ аз маъхазҳои молии байналмилалӣ 384,3 миллион доллар ҷалб шуда буд.
Дар соли 2020 ба Тоҷикистон Бунёди байналмилалии асъор - 189,5 миллион доллар ва Бунёди рушд ва муътадилсозии Авруосиё 50 миллион доллар қарзи бефоиз доданд.
Маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд низ ҷалб карда шуданд.
Тавре ки қаблан қайд карда шуд, Тоҷикистон дар назди "Эксимбонк" -и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд қарзҳои калон дорад.