https://sputnik.tj/20210226/Tojikiston-qoida-vurud-khorijiyn-tagir-1032895669.html
Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод
Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон як қатор маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба ҷумҳурӣ бекор карда шуданд. Ҳоло шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирус гирифтаанд, аз ташхиси... 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T15:54+0500
2021-02-26T15:54+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вуруд
маълумот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889315_768:0:3968:1800_1920x0_80_0_0_ea5cd0daf525b42942d50e31ed6f1a44.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба хориҷиён иҷозаи вурудро бидуни пешниҳоди ташхиси манфии коронавирусро доданд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ.Агар шахс ду-се ҳафта пеш эм карда шуда бошад, бояд ӯ аз озмоиши COVID-19 гузарад.Барои хориҷиёне, ки аз коронавирус эм карда нашудаанд, қоидаҳои вуруд бетағйир мондаанд.Воридшавандагон бояд шаҳодатномаи набудани сирояти коронавирусро (COVID-19) бо худ дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (3 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон таҳия карда шудааст.Ёдовар мешавем, ки кӯдакони то сесола ба шаҳодатномаи набудани ковид ниёз надоранд.Аз аввали моҳи январ то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди нави коронавирус сабт нашудааст.Инчунин, дар ҷумҳурӣ ягон намунаи "Африқои Ҷанубӣ" ё "Бритониёӣ" -и вирус ба қайд гирифта нашудааст.Дар охири моҳи феврал бояд 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca / Oxford ба Тоҷикистон дар доираи COVAX ворид карда шавад.Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои навПеш аз ҳама, ваксина кормандони тиб, муаллимон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, инчунин синнашон аз 50 боло мегиранд.
https://sputnik.tj/20210215/parvoz-tojikiston-rusiya-1032825872.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889315_1168:0:3568:1800_1920x0_80_0_0_b66200de9fb08a273632790f1a02efcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, вуруд, маълумот
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, вуруд, маълумот
Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод
15:54 26.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Дар Тоҷикистон як қатор маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба ҷумҳурӣ бекор карда шуданд. Ҳоло шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирус гирифтаанд, аз ташхиси коронавирус озод карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба хориҷиён иҷозаи вурудро бидуни пешниҳоди ташхиси манфии коронавирусро доданд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ.
"Танҳо шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирусро як моҳ пеш аз вуруд гирифтаанд, метавонанд бо ин роҳ ворид шаванд", - таъкид кард вай.
Агар шахс ду-се ҳафта пеш эм карда шуда бошад, бояд ӯ аз озмоиши COVID-19 гузарад.
Барои хориҷиёне, ки аз коронавирус эм карда нашудаанд, қоидаҳои вуруд бетағйир мондаанд.
Воридшавандагон бояд шаҳодатномаи набудани сирояти коронавирусро (COVID-19) бо худ дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (3 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки кӯдакони то сесола ба шаҳодатномаи набудани ковид ниёз надоранд.
Аз аввали моҳи январ то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди нави коронавирус сабт нашудааст.
Инчунин, дар ҷумҳурӣ ягон намунаи "Африқои Ҷанубӣ" ё "Бритониёӣ" -и вирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар охири моҳи феврал бояд 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca / Oxford ба Тоҷикистон дар доираи COVAX ворид карда шавад.
Пеш аз ҳама, ваксина кормандони тиб, муаллимон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, инчунин синнашон аз 50 боло мегиранд.