ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сарвазири Арманистон зимни нишасти матбуотии онлайнӣ гуфт, дарк мекунад, ки ҷавобгари асосии вазъ ӯ мебошад.
“Албатта ман дарк мекунам, ман мақомдори рақами як ва ҷавобгари вазъи феълӣ мебошам. Ин ҷо шаке нест. Мефаҳмам, ки ман бояд пеши шартан гӯем додгоҳи мардумӣ муҳокима шавам. Аммо дар вазъи феълӣ, додрас – халқ бояд тамоми ҷанбаҳои қазияро донад, бояд муколама бо низомиён, мухолифин ва ҳукумат бошад”, - таъкид кард Пашинянд.
Ӯ афзуд, ки натавонист зарфияти “истодагарӣ”-и Арманистонро таҳким бахшаду мантиқи музокиротро тағйир диҳад. Нахуствазири Арманистон таъкид намуд, ки феълан масъалаи асосӣ мақоми Қарабоғи куҳӣ ва дигар масоили гуманитарӣ мебошад.
Ба гуфтаи Пашинян, далели асосии муваффақ нашудани Арманистон дар Қарабоғи куҳӣ Туркия ва пайдо шудани террористон дар минтақа мебошад.
Қаблан Арманистон, Озорбойҷон ва Русия созишномаи сеҷонибаи оташбасро имзо карданд, ки бар асоси он ҷонибҳо дар нуқтаҳои қарордоштаашон меистанду Арманистон то аввали декабр қисмате аз ноҳияҳоро ба Озорбойҷон бармегардонад. Субот дар минтақаро нерӯҳои тақрибан дуҳазорнафарии сулҳсозони Русия таъмин мекунанд.