https://sputnik.tj/20210225/Sardi-yakhbandi-Uzbekiston-harakat-lagv-1032887404.html
Сардиву яхбандӣ дар Ӯзбекистон ҳаракати ҳама автобусҳо аз Тошканд ба минтақаҳоро лағв кард
Сардиву яхбандӣ дар Ӯзбекистон ҳаракати ҳама автобусҳо аз Тошканд ба минтақаҳоро лағв кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбекистон бинобар номусоидии обу ҳаво, тамоми хатсайрҳои автобус аз Тошканд ба минтақаҳо лағв карда шуданд 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T14:53+0500
2021-02-25T14:53+0500
2021-02-25T14:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
сардӣ
яхбандӣ
ӯзбекистон
автобус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102843/27/1028432735_18:0:980:541_1920x0_80_0_0_ea0a626e183b2cb3ce13a14ae278fb27.jpg
ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Роҳҳои автобус аз Тошканд ба манотиқи Узбакистон ба сабаби сардиҳо дар саросари кишвар лағв карда шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти автовокзали пойтахти Ӯзбекистон."Бо сабаби номусоидии обу ҳаво, тамоми хатсайрҳои автобусҳои байнишаҳрӣ аз Тошканд ба минтақаҳо рӯзи панҷшанбеи 25-уми феврал бекор карда шуданд", - гуфта мешавад дар канали Telegram-и автовокзал.Тибқи иттилои ҳавосанҷони ин кишвар, аз 23 феврал дар саросари ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона ба 2-9 дараҷа ва шабона 7-12 дараҷа сард шуд, ки дар натиҷа дар роҳҳо яхбандӣ ба амал омад.То ин замон, дар Ӯзбекистон ҳаво гарм буд, ки рӯзона то 10 дараҷа мерасид.Ҳавосанҷони ин кишвар, субҳи 25 феврал, дар минтақаи вилояти Тошканд, ҳудуи Чимгон яке аз маъруфтарин минтақаҳои истироҳатии кишвархатари тармафароиро эълон карданд.Ҳавошиносон инчунин пешгӯӣ мекунанд, ки дарахтони мевадиҳанда, ки дар нимаи моҳи феврал бар асари гармои ғайримуқаррарӣ гул кардаанд, сардиҳо метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд.Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон аз хатари тармафароӣ дар кӯҳҳо ҳушдор дод.Дар Бадахшон 16 тарма фаромадаст: масири Хоруғ - Ишкошим масдуд астЁдовар мешавем, бар асари боришот ва тармафароӣ дар Тоҷикистон низ ҳаракати автомобилҳо ба самти Суғд ва ВМКБ муваққатан баста шуданд.
https://sputnik.tj/20210225/harakt-roh-Dushanbe-Khujand-Khorug-1032884302.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102843/27/1028432735_138:0:859:541_1920x0_80_0_0_09531b97e8685ca360a2f72509232bd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сардӣ, яхбандӣ, ӯзбекистон, автобус
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сардӣ, яхбандӣ, ӯзбекистон, автобус
Сардиву яхбандӣ дар Ӯзбекистон ҳаракати ҳама автобусҳо аз Тошканд ба минтақаҳоро лағв кард
Дар Ӯзбекистон бинобар номусоидии обу ҳаво, тамоми хатсайрҳои автобус аз Тошканд ба минтақаҳо лағв карда шуданд
ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Роҳҳои автобус аз Тошканд ба манотиқи Узбакистон ба сабаби сардиҳо дар саросари кишвар лағв карда шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти автовокзали пойтахти Ӯзбекистон.
"Бо сабаби номусоидии обу ҳаво, тамоми хатсайрҳои автобусҳои байнишаҳрӣ аз Тошканд ба минтақаҳо рӯзи панҷшанбеи 25-уми феврал бекор карда шуданд", - гуфта мешавад дар канали Telegram-и автовокзал.
Тибқи иттилои ҳавосанҷони ин кишвар, аз 23 феврал дар саросари ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона ба 2-9 дараҷа ва шабона 7-12 дараҷа сард шуд, ки дар натиҷа дар роҳҳо яхбандӣ ба амал омад.
То ин замон, дар Ӯзбекистон ҳаво гарм буд, ки рӯзона то 10 дараҷа мерасид.
Ҳавосанҷони ин кишвар, субҳи 25 феврал, дар минтақаи вилояти Тошканд, ҳудуи Чимгон яке аз маъруфтарин минтақаҳои истироҳатии кишвархатари тармафароиро эълон карданд.
Ҳавошиносон инчунин пешгӯӣ мекунанд, ки дарахтони мевадиҳанда, ки дар нимаи моҳи феврал бар асари гармои ғайримуқаррарӣ гул кардаанд, сардиҳо метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон аз хатари тармафароӣ дар кӯҳҳо ҳушдор дод.
Ёдовар мешавем, бар асари боришот ва тармафароӣ дар Тоҷикистон низ ҳаракати автомобилҳо ба самти Суғд ва ВМКБ муваққатан баста шуданд.